Оғози фаъолияти сафири нави Тоҷикистон дар Ҳиндустон



Ахири ҳафтаи сипаришуда сафири Тоҷикистон дар Ҳиндустон Мирзошариф Ҷалолов, ки санаи 11-уми август ба ин вазифа аз ҷониби президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон таъин шуд, ба сардори шуъбаи ташрифоти Вазорати корҳои хориҷии Ҳиндустон Ҷайдип Мазумдар нусхаи эътимодномаро супорид.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба байни Тоҷикистону Ҳиндустон, маросими супоридани Эътимоднома ба Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон ва дигар расмиёти ташрифотии кишвари иқомат мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ба иттилои манбаъ, сафир дар навбати худ итминон додааст, ки сайъу кӯшиши худро барои таҳким ва рушди муносибатҳои байни Тоҷикистону Ҳиндустон ба харҷ хоҳад дод.

spot_imgspot_img

Популярное