Таҷлили ҷашни Рӯзи дониш дар Тоҷикистон

Субҳи имрӯз Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон Рӯзи донишро бо иштироки сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пешвоз гирифтанд. Дар ин муассисаи таълимӣ дар ҳузури президенти мамлакат бинои нави донишгоҳ ба истифода дода шуд, ки дар он донишҷӯёни факултахои забони русӣ, романиву олмонӣ ва факултаи технология таҳсили илм хоҳанд кард. Ба гуфтаи котиби матбуотии Вазорати маориф ва […]

ASIA-Plus



Субҳи имрӯз Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон Рӯзи донишро бо иштироки сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пешвоз гирифтанд. Дар ин муассисаи таълимӣ дар ҳузури президенти мамлакат бинои нави донишгоҳ ба истифода дода шуд, ки дар он донишҷӯёни факултахои забони русӣ, романиву олмонӣ ва факултаи технология таҳсили илм хоҳанд кард.

Ба гуфтаи котиби матбуотии Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ Эҳсон Хушвахтов, имрӯз дар тамоми муассисаҳои таълимии кишвар тамоми омӯзгорону толибилмон мустақиман суханронии президенти кишварро тамошо карданд.

Бино ба маълумоти котиби матбуотии вазорат, соли равон 200 мактаби нав ва биноҳои аз таъмир баровардашудаи мактабҳои мавҷуда мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд. «Дар Тоҷикистон дар маҷмӯъ 3 ҳазору 836 муассисаҳои таълимӣ фаъолият доранд», – гуфт номбурда.

Зимнан зикр гардид, ки дар макотиби таҳсилоти умумии кишвар 1 млн. 717 ҳазору 63 нафар хонандагон таҳсил мекунанд.

Дар ҳамин ҳол, тавре ба «Азия-Плюс» аз Раёсати маорифи вилояти Суғд хабар доданд, имсол беш аз 40 ҳазор нафар кӯдакони вилоят бори нахуст пой ба остонаи мактаб ниҳоданд. «Айни замон дар қаламрави минтақаи шимоли ҷумҳурӣ бо фарогирии зиёда аз 484 ҳазор нафар хонандагон ва беш аз 33 ҳазор нафар омӯзгорон 912 мактаби таҳсилоти умумӣ амал мекунанд», – гуфт манбаъ.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.