Э.Раҳмон: Мо аз тамоми имконот баҳри таҳкими муносибот бо Ӯзбекистон истифода мекунем

Имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати  Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба унвони сарвари давлати ин кишвар Ислом Каримов барқияи табрикӣ ирсол намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи табрикотии Эмомалӣ Раҳмон зикр мегардад, ки барои Тоҷикистон, ки яке аз афзалиятҳои асосии сиёсати берунии он таҳкими робитаҳои минтақавӣ маҳсуб мешавад, муносибот бо […]

ASIA-Plus



Имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати  Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба унвони сарвари давлати ин кишвар Ислом Каримов барқияи табрикӣ ирсол намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи табрикотии Эмомалӣ Раҳмон зикр мегардад, ки барои Тоҷикистон, ки яке аз афзалиятҳои асосии сиёсати берунии он таҳкими робитаҳои минтақавӣ маҳсуб мешавад, муносибот бо Ӯзбекистон аҳамияти муҳим доранд.

«Мо хоҳони муносиботи зичи мутақобила мебошем, ки аз манфиатҳои умумии таъмини амнияти минтақавӣ, субот ва ташкили шароитҳо барои рушди устувори ҳар ду кишвар ва некӯаҳволии мардумонамон бармеоянд,», – омадааст дар барқия.

Дар барқияи сарвари давлати Тоҷикистон ҳамчунин зикр мегардад, ки бо такя ба анъанаҳои таърихии дӯстона, Тоҷикистон ният дорад тамоми иқтидори мавҷударо барои таҳкими минбаъдаи муносиботи неки ҳамсоягӣ ва ҳамкориҳои мутақобила пурра амалӣ созад.

«Ин, бешубҳа, ҷавобгӯи манфиатҳои ҳаётӣ на танҳо барои мардум ва давлатҳои мо, балки дар маҷмӯъ барои минтақаи Осиёи Марказӣ низ мебошад. Бовар дорам, ки ташрифи қарибулвуқӯи Шумо ба Тоҷикистон барои иштирок дар ҳамоиши Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ба ин раванд тақвият мебахшад», – гуфта мешавад дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.