Дар «Рейтинги глобалии рақобатпазирӣ» барои солҳои 2014-2015, ки аз ҷониби Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ (World Economic Forum) мунташир гардид, миёни 144 кишвари дунё Тоҷикистон мақоми 91-умро ишғол кардааст. Дар рейтинги соли гузашта миёни 148 кишвар Тоҷикистон ҳузур надошт.
Дар байни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ Қазоқистон зинаи 50-ум ва Қирғизистон мақоми 108-умро касб кардаанд. Дар сархати рейтинги мазкур Швейтсария қарор дошта, аз паси он Сингапур, Шветсия, Финландия ва Нидерланд ҷойгир шудаанд. Олмон зинаи – 6, ИМА – 7, Британияи Кабир – 8, Гонконг – 9 ва Ҷопон – 10-умро ишғол кардаанд.
Русия тайи соли ахир 11 мавқеъ боло рафта, мақоми 53-юмро касб намудааст. Рейтинг ҳанӯз то буҳрони бузургмиқёс дар Украина таҳия гардидааст.
Мақоми кишварҳои дигар дар рейтинги мазкур чунин аст: Чин – зинаи 28-ум, Озарбойҷон – 38, Туркия – 45, Гурҷистон – 69, Украина – 76, Молдова – 82, Эрон – 83, Арманистон – 85, Муғулистон – 98 ва Покистон – 129-ум.
Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ рейтинги рақобатпазириро бо назардошти беш аз 110 нишондиҳанда, аз ҷумла зербино, самаранокии бозорҳои мол ва меҳнат, сифати бахши маорифу таълим, вазъи макроиқтисодӣ дар кишвар, ҷорӣ сохтани инноватсияҳо, рушди бозори молиявӣ ва ғайра таҳия месозад.



