Мақоми 91-уми Тоҷикистон дар рейтинги ҷаҳонии рақобатпазирӣ

Дар «Рейтинги глобалии рақобатпазирӣ» барои солҳои 2014-2015, ки аз ҷониби Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ (World Economic Forum) мунташир гардид, миёни 144 кишвари дунё Тоҷикистон мақоми 91-умро ишғол кардааст. Дар рейтинги соли гузашта миёни 148 кишвар Тоҷикистон ҳузур надошт. Дар байни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ Қазоқистон зинаи 50-ум ва Қирғизистон мақоми 108-умро касб кардаанд. Дар сархати рейтинги […]

ASIA-Plus



Дар «Рейтинги глобалии рақобатпазирӣ» барои солҳои 2014-2015, ки аз ҷониби Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ (World Economic Forum) мунташир гардид, миёни 144 кишвари дунё Тоҷикистон мақоми 91-умро ишғол кардааст. Дар рейтинги соли гузашта миёни 148 кишвар Тоҷикистон ҳузур надошт.

Дар байни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ Қазоқистон зинаи 50-ум ва Қирғизистон мақоми 108-умро касб кардаанд. Дар сархати рейтинги мазкур Швейтсария қарор дошта, аз паси он Сингапур, Шветсия, Финландия ва Нидерланд ҷойгир шудаанд. Олмон зинаи – 6, ИМА – 7, Британияи Кабир – 8, Гонконг – 9 ва Ҷопон – 10-умро ишғол кардаанд.

Русия тайи соли ахир 11 мавқеъ боло рафта, мақоми 53-юмро касб намудааст. Рейтинг ҳанӯз то буҳрони бузургмиқёс дар Украина таҳия гардидааст.

Мақоми кишварҳои дигар дар рейтинги мазкур чунин аст: Чин – зинаи 28-ум, Озарбойҷон – 38, Туркия – 45, Гурҷистон – 69, Украина – 76, Молдова – 82, Эрон – 83, Арманистон – 85, Муғулистон – 98 ва Покистон – 129-ум.

Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ рейтинги рақобатпазириро бо назардошти беш аз 110 нишондиҳанда, аз ҷумла зербино, самаранокии бозорҳои мол ва меҳнат, сифати бахши маорифу таълим, вазъи макроиқтисодӣ дар кишвар, ҷорӣ сохтани инноватсияҳо, рушди бозори молиявӣ ва ғайра таҳия месозад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.