Боздошти сокини Мастчоҳ бо ҳудуди 15 кило героин

Зимни баргузории тадбирҳои махсус аз ҷониби кормандони шуъбаи Вазорати корҳои дохилии ҶТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ҳудуди 15 кило маводи сахттаъсири нашъаовари героин мусодира гардид. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, ҳангоми кофтукови автомашинаи тамғаи «ВАЗ-2121» таҳти идораи сокини 41-солаи ноҳияи Мастчоҳ Худойдод Комилов кормандони милиса беш аз 14,6 кило маводи мухаддири […]

ASIA-Plus



Зимни баргузории тадбирҳои махсус аз ҷониби кормандони шуъбаи Вазорати корҳои дохилии ҶТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ҳудуди 15 кило маводи сахттаъсири нашъаовари героин мусодира гардид.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, ҳангоми кофтукови автомашинаи тамғаи «ВАЗ-2121» таҳти идораи сокини 41-солаи ноҳияи Мастчоҳ Худойдод Комилов кормандони милиса беш аз 14,6 кило маводи мухаддири героинро дарёфт ва мусодира намудаанд.

Гуфта мешавад, аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтиш идома дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.