Миннатдории Э.Раҳмон ба мутахассисони дар бунёди терминали ФБД саҳмгузошта

Зимни суханронӣ дар маросими мавриди баҳрабардорӣ қарор додани терминали нав дар Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе (ФБД) президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон кормандони фурудгоҳро бо 90-солагии авиатсияи граждании Тоҷикистон ва 23-юмини солгарди Истиқлоли давлатии ҷумҳурӣ табрику таҳният гуфт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон зикр кард, ки танҳо дар панҷ соли охир фақат тавассути фурудгоҳи […]

ASIA-Plus



Зимни суханронӣ дар маросими мавриди баҳрабардорӣ қарор додани терминали нав дар Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе (ФБД) президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон кормандони фурудгоҳро бо 90-солагии авиатсияи граждании Тоҷикистон ва 23-юмини солгарди Истиқлоли давлатии ҷумҳурӣ табрику таҳният гуфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон зикр кард, ки танҳо дар панҷ соли охир фақат тавассути фурудгоҳи байналмилалии Душанбе қариб 40 ҳазор парвоз анҷом дода шуда, наздик ба 6 миллион нафар мусофирон кашонида шудааст.

«Бо истифода аз фурсати муносиб ба лоиҳакашону меъморон, сармоягузорону сохтмончиён, хулоса, ба ҳамаи онҳое, ки дар бунёди иншооти зебои имрӯза саҳм гузоштаанд, изҳори сипос мекунам», – гуфт президент.

Дар идома қайд гардид, ки терминали нав тибқи меъёрҳои ҷаҳонӣ бунёд гардида, корҳои сохтмон дар масоҳати 11 ҳазор метри мураббаъ ба маблағи беш аз 280 миллион сомонӣ бо саҳми муштараки давлатҳои Фаронса ва Тоҷикистон эъмор шудааст ва дар як соат метавонад ба 500 нафар мусофир хизмат расонад.

Сарвари давлат Вазорати нақлиёт, ширкатҳои ватании авиатсионӣ ва фурудгоҳҳои байналмилалии кишвар вазифадор намуд, ки дар баробари навсозӣ ва пуррагардонии парки тайёраҳо, аз ҷумла тавассути лизинг, доир ба зиёд кардани содироти маҳсулоти кишоварзӣ, кушодани хатсайрҳои нав барои парвозҳои мустақим ва транзитӣ, инчунин аз бунбасти коммуникатсионии боркашонии ҳавоӣ баровардани кишвар мунтазам чораҷӯӣ намоянд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.