Сафири нави Қирғизистон муҳим будани ҳалли масоили марзиро таъкид кард

Сафири Қирғизистон дар Тоҷикистон Мирослав Ниёзов ба вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов нусхаи эътимоднома супурд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон, зимни мулоқот сафир имконоти бузурги мавҷуда барои ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон дар бахшҳои истифодаи захираҳои обиву энергетика, нақлиёт ва иқтисоду тиҷоратро зикр кардааст. «Ӯ муҳим будани ҳарчи зудтар ҳаллу фасл […]

Заррина Эргашева



Сафири Қирғизистон дар Тоҷикистон Мирослав Ниёзов ба вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов нусхаи эътимоднома супурд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон, зимни мулоқот сафир имконоти бузурги мавҷуда барои ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон дар бахшҳои истифодаи захираҳои обиву энергетика, нақлиёт ва иқтисоду тиҷоратро зикр кардааст.

«Ӯ муҳим будани ҳарчи зудтар ҳаллу фасл гардидани масълаҳои таъйин ва аломатгузорӣ дар марзи давлатии кишварҳоро таъкид намуд. Дар навбати худ С.Аслов қайд кард, ки таҷрибаи ғанӣ ва огаҳии хуби сафир аз муносибатҳои дуҷониба ба ӯ имкон медиҳанд, ки ба сифати сафири кишвари ҳамсоя дар Тоҷикистон муваффақона фаъолият намояд. С.Аслов ба сафир итминон дод, ки дар рушди муносибатҳои дуҷониба аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба сафир ҳамаҷониба кумаку мусоидат карда мешавад», – зикр мегардад дар хабар.

Ба иттилои манбаъ, ҷонибҳо ҳамчунин масъалаи иштироки ҳайати Қирғизистон таҳти сарварии президенти ин кишвар Алмазбек Атамбаев дар ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар Душанбе рӯзҳои 11-12-уми сентябрро низ баррасӣ кардаанд.

Гуфта мешавад, ҷонибҳо сатҳи баланди муносибатҳо миёни кишварҳо ва фаъолияти назаррасии комиссияҳои байниҳукуматӣ оид ба таъйин ва аломатгузорӣ дар марзи давлатиро таъкид кардаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.