Санаи 2 сентябри соли 2014 маросими супоридани Эътимодномаи Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Неъматулло Эмомзода ба Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасан Рӯҳонӣ баргузор гардид.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, пас аз маросими супоридани Эътимоднома суҳбати Президенти Эрон бо Сафири нави Тоҷикистон доир гардид, ки зимни он дуруду таманниёти неки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасан Рӯҳонӣ расонида шуд.
Дар рафти мулоқот Президенти Эрон зикр кард, ки барои беҳтар шудани ҳамкориҳои мутақобилан судманди дуҷониба имкониятҳои зиёде вуҷуд доранд. Аз ҷумла, рушди соҳаи сайёҳӣ, таҳсили донишҷӯён дар кишварҳои ҳамдигар ва истифодаи зарфияти имкониятҳои мавҷудбударо таъкид кард.
Ҳамзамон, аз муносибатҳои неку дӯстонаи таърихӣ ва фарҳангии дуҷониба ёдовар шуда, қайд намуд, ки Тоҷикистон барои Эрон шарики муҳим дар минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад.
Сафири Тоҷикистон фароҳам кардани заминаҳои густариши равобити дуҷонибаро, махсусан дар заминаи иқтисодӣ вазифаи худ дониста, қайд кард, ки сафари расмии Президенти Эрон ба Тоҷикистон ва иштироки ӯ дар ҷаласаи сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай боиси тавсеаи бештари муносибатҳои ду кишвари дӯсту бародар хоҳад шуд.



