Огаҳии Раёсати БДА оид ба муваққатан маҳдуд шудани ҳаракати нақлиёт

Раёсати Бозрасии давлатии автомоиблии ВКД Тоҷикистон аз муваққатан маҳдуд шудани ҳаракати нақлиёт рӯзҳои 4-5-уми сентябр дар шаҳри Душанбе огоҳ мекунад. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, рӯзи 5-уми сентябр президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими мавриди баҳрбардорӣ қарор гирифтани маркази савдои «Пойтахт-90» ва рӯзи 6-уми сентябр дар маросими ба истифода додани […]

Аваз Юлдошев



Раёсати Бозрасии давлатии автомоиблии ВКД Тоҷикистон аз муваққатан маҳдуд шудани ҳаракати нақлиёт рӯзҳои 4-5-уми сентябр дар шаҳри Душанбе огоҳ мекунад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, рӯзи 5-уми сентябр президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими мавриди баҳрбардорӣ қарор гирифтани маркази савдои «Пойтахт-90» ва рӯзи 6-уми сентябр дар маросими ба истифода додани меҳмонхонаи панҷситорадори «Sheraton», ки аз ҷониби Ҳиндустон ба маблағи 50 млн. доллари ИМА сохта шудааст, иштирок мекунад.

Дар эълони Раёсати БДА зикр мегардад, ки баҳри таъмини бехатарии ҳаракат рӯзи 5 сентябри соли равон аз соати 07:00 то 08:00 дар ҳолатҳои зарурӣ ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз чорроҳаи Рӯдакӣ-Шотемур бо хиёбони Рӯдакӣ, кӯчаи Ҷ.Икромӣ,  Шевченко, хиёбони С.Шерозӣ, кӯчаи Н.Қарабоев то кӯчаи Ҷанубӣ ва аз соати 08:00 то 09:00 аз кӯчаи Ҷанубӣ, Н.Қарабоев, хиёбони С.Шерозӣ, С.Айнӣ, хиёбони Рӯдакӣ, кӯчаи Л.Шералӣ, Турсунзода, Шарқ ва Меҳнат то Маркази савдои «Пойтахт-90» муваққатан маҳдуд карда мешавад.

Гуфта мешавад, ҳамчунин 6 сентябри соли равон аз соати 17:00 то 18:00 ҳаракати  воситаҳои нақлиёт аз чорроҳаи Рӯдакӣ-Шотемур бо хиёбони Рӯдакӣ, кӯчаи С.Айнӣ то маҳаллаи «Ховарон» дар ҳолатҳои зарурӣ муваққатан маҳдуд карда мешавад.  

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.