Истифодаи рӯзномаҳои аз ҷониби Вазорати маориф нашршуда дар мактабҳо

Толибилмони мактабҳои таҳсилоти умумӣ бо забони тоҷикӣ танҳо аз рӯзномаҳо бо забони тоҷикӣ истифода мекунанд. Котиби матбуотии Вазорати маориф ва илми ҶТ Эҳсон Хушвахтов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ҳанӯз моҳи марти соли ҷорӣ доир ба дар мактабҳои тоҷикӣ истифода шудани рӯзномаҳо бо забони тоҷикӣ, дар синфҳои ӯзбекӣ бо забони ӯзбекӣ ва […]

Меҳрангез Турсунзода



Толибилмони мактабҳои таҳсилоти умумӣ бо забони тоҷикӣ танҳо аз рӯзномаҳо бо забони тоҷикӣ истифода мекунанд.

Котиби матбуотии Вазорати маориф ва илми ҶТ Эҳсон Хушвахтов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ҳанӯз моҳи марти соли ҷорӣ доир ба дар мактабҳои тоҷикӣ истифода шудани рӯзномаҳо бо забони тоҷикӣ, дар синфҳои ӯзбекӣ бо забони ӯзбекӣ ва дар синфҳои русӣ бо забони русӣ супориши президенти кишвар содир шуда буд.

Ба гуфтаи ӯ, рӯзномаҳо дар матбааи маҳаллӣ нашр шуда, ояндаи наздик дар ин ҷо чопи дафтарҳои мактабӣ низ ба роҳ монда мешавад ва арзиши рӯзномаҳо 5 сомонӣ аст.

Котиби матбуотии вазорат ҳамчунин қайд кард, ки ҳанӯз моҳи аррел вазорат ба ҳамаи мактабҳо супориш дода буд, ки хонандагонро аз ин навоварӣ огоҳ намоянд.

«Мо ҳанӯз то анҷоми соли хониш толибилмонро огоҳ карда будем, ки худамон онҳоро бо рӯзнома таъмин мекунем ва онҳо рӯзномаҳои нав харидорӣ накунанд. Дар мағозаҳо рӯзномаҳо бо забони тоҷикӣ фурӯхта мешаванд, вале аз ҷониби кӣ чоп шудани онҳо маълум нест. Онҳо аз рӯзномаҳои русӣ тарҷума шуда, дар ин рӯзномаҳо фанҳое зикр шудаанд, ки дар Тоҷикистон умуман ин фанҳо таълим дода намешаванд», – гуфт ӯ.

Дар робита ба сарулибоси мактабӣ Хушвахтов зикр кард, ки Вазорати маориф ва илм дар ин самт ҳеҷ маҳдудияте ҷорӣ накардааст. «Баъзе мактабҳо хоҳони он шуданд, ки хонандагонашон дар коргоҳи муайяне сарулибоси мактабиашонро дӯзанд ё танҳо сарулибоси рангаш кабуд ё сиёҳ харидорӣ кунанд, ки ин талаботи мактабҳо аст. Худи мактабҳо хостори онанд, ки хонандагонашон аз хонандагони мактабҳои дигари пойтахт фарқ дошта бошанд», – афзуд номбурда.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.