Ҷаласаи навбатии Шӯрои шаҳрсозии Хуҷанд доир гардид

Таҳти раёсати раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ҷаласаи навбатии Шӯрои шаҳрсозии шаҳри Хуҷанд баргузор гардид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории Хуҷанд, дар кори ҷаласаи Шӯро намояндагони идораҳои сохтмонӣ, фармоишгарон ва лоиҳакашону меъморон бо 8 лоиҳаи нави биною иншооти тарҳрезишуда иштирок карданд. Дар оғоз раиси шаҳри Хуҷанд зикр намуд, ки имрӯз тибқи дастури президенти […]

ASIA-Plus



Таҳти раёсати раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ҷаласаи навбатии Шӯрои шаҳрсозии шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории Хуҷанд, дар кори ҷаласаи Шӯро намояндагони идораҳои сохтмонӣ, фармоишгарон ва лоиҳакашону меъморон бо 8 лоиҳаи нави биною иншооти тарҳрезишуда иштирок карданд.

Дар оғоз раиси шаҳри Хуҷанд зикр намуд, ки имрӯз тибқи дастури президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тамоми сохтмонҳои бунёдшаванда, тибқи анъанаҳои меъмории миллӣ бо назардошти талаботҳои қатъии меъморию сохтмонӣ бояд бунёд ёбанд.

 Дар ҳамин замина дар мавриди омода намудани санадҳои ҳуқуқӣ, ба имзо расондани шартномаҳои фармоишгарони сохтмон бо соҳибони хонаҳое, ки дар макони онҳо бунёди иншооти нав пешбинӣ шудааст, Раҷаббой Аҳмадзода ба роҳбарони сохторҳои дахлдор супориши қатъӣ дод.

Таъкид гардид, ки тамоми корҳо ва лоиҳаҳои пешниҳодшавандаро фармоишгарон, сохтмончиён ва лоиҳакашон бояд тибқи талаботҳои сохтмонию меъморӣ ва шаҳрсозӣ пешниҳод намоянд.

Аз лоиҳаҳои пешниҳодшуда танҳо лоиҳаи Ширкати сохтмонии «Зам-Зам» ки тамоми талаботҳри зикргардидаро иҷро намуда буд, қобили қабул дониста шуда, чун намунаи ибрат зикр гардид. Лоиҳаҳои боқимонда барои мукаммал намудан ва мувофиқ намудан ба меъёрҳо пешниҳод гардиданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.