Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

Анонс – Дар варзишгоҳи «Борисов-Арена» бозии дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби футболи Беларус ва Тоҷикистон доир мегардад. Оғоз соати 19-00 ба вақти маҳаллӣ (21-00 ба вақти Душанбе). Қ урби асъор Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст: 1 доллари ИМА –  4.9704 сомонӣ; 1 евро – […]

ASIA-Plus



Анонс



– Дар варзишгоҳи «Борисов-Арена» бозии дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби футболи Беларус ва Тоҷикистон доир мегардад. Оғоз соати 19-00 ба вақти маҳаллӣ (21-00 ба вақти Душанбе).



Қ


урби




асъор



Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:


1

доллари ИМА – 

4.9704

сомонӣ;


1

евро –

6.5395

сомонӣ;


1

рубли русӣ

– 0.13


38



сомонӣ.  



Як р


ӯ


зи таърих



Рӯзи китоб


1960

– Мавриди истифода қарор гирифтани навбати аввали корхонаи истеҳсоли сементи Душанбе (феълан «Тоҷиксемент»).


2006

— Ифтитоҳи шабакаи нави телевизионии «Баҳористон» барои кӯдакон.


2007

— Президенти ҶТ Э.Раҳмон ба сохтмони бинои нави Китобхонаи миллӣ ҳусни оғоз бахшида, санаи 4-уми сентябрро Рӯзи китоб эълон кард.


973-1048

– Зодрӯзи файласуфи тоҷику форс, муаррих, мунаҷҷим ва риёзишинос Абӯрайҳони Берунӣ.


1917-1994

– Мавлуди сарояндаи эпоси Гуруғлӣ Ҳақназар Кабуд.


1927

– Зодрӯзи Рассоми халқии Тоҷикистон Иван Лисиков.


1948

– Мавлуди оҳангсоз Фарҳод Низомов.



Вазъи обуҳаво


Дар вилояти Хатлон

—  Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +15+20, рӯзона +33+38, дар доманакӯҳҳо шабона +12+17, рӯзона +29+34.


Дар вилояти Суғд

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +14+19, рӯзона +31+36, дар доманакӯҳҳо шабона +6+11, рӯзона +21+26.


Дар Ноҳияҳои тобеи марказ

  — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +12+17, рӯзона +32+37, дар доманакӯҳҳо шабона +9+14, рӯзона +26+31.


Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.      

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона +10+15, рӯзона +28+33;  дар шарқи вилоят шабона -1+4, рӯзона +11+16.


Дар шаҳри Душанбе

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.  

Ҳарорат: шабона +12+14, рӯзона +34+36.


Дар шаҳри Қӯрғонтеппа

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +15+17, рӯзона +34+36.


Дар шаҳри Хуҷанд

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +16+18, рӯзона +31+33.


Дар шаҳри Хоруғ

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.   

Ҳарорат: шабона +11+13, рӯзона +28+30.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.