БМТ: Аксари бонкҳо ба ҷорисозии усулҳои бонкдории исломӣ омодаанд

Қисми зиёди бонкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳиши кор кардан бо маҳсулотҳои бонкдории исломиро доранд. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), бо мақсади амалӣ намудани заминаи меъёрии ҳуқуқӣ ва рушди маблағгузории исломӣ дар ҷумҳурӣ, БМТ бо дастгирии Бонки Исломии Рушд ва дар ҳамкорӣ бо Ширкати машваратии байналмилалии “Zaid Ibrohim & Co” (Малайзия) лоиҳаи Қонуни […]

ASIA-Plus



Қисми зиёди бонкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳиши кор кардан бо маҳсулотҳои бонкдории исломиро доранд.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), бо мақсади амалӣ намудани заминаи меъёрии ҳуқуқӣ ва рушди маблағгузории исломӣ дар ҷумҳурӣ, БМТ бо дастгирии Бонки Исломии Рушд ва дар ҳамкорӣ бо Ширкати машваратии байналмилалии “Zaid Ibrohim & Co” (Малайзия) лоиҳаи Қонуни ҶТ  “Дар бораи фаъолияти бонкдории исломӣ”-ро таҳия намуд ва он 14 майи соли равон аз ҷониби парламенти Тоҷикистон қабул гардид.

«Дар ҷумҳурӣ талабот ба маблағгузорӣ ба иқтисодиёт бузург мебошад ва интизорӣ меравад, ки бонкдории исломӣ ба васеъ кардани доираи амалиёти бонкӣ, пайдо намудани манбаъҳои нави ҷалби сармояи хориҷӣ, инчунин амонатҳои дохилӣ мусоидат хоҳад кард», – омадааст дар маълумоти бонк.

Гуфта мешавад, илова бар ин, Гуруҳи кории БМТ оид ба омода намудани лоиҳаи санадҳои меъёрӣ ва татбиқи меъёрҳои бонкдории исломӣ дар ҷумҳурӣ фаъолият дорад.

Зимнан зикр мегардад, ки бо назардошти таҷрибаи пешқадами аксари мамлакатҳои олам, аз ҷумла Иттиҳоди Аврупо, ИМА, Чин, Русия, Озарбойҷон, Қирғизистон ва Қазоқистон, ки усули бонкдории исломиро дар низоми бонкии кишварҳои худ ҷорӣ намудаанд, БМТ ҳамкориҳои судмандро бо шарикони байналхалқӣ ва сармоягузорони хориҷӣ ҷиҳати ҷалби бештари қарзҳои имтиёзнок ва грантҳо ба иқтисодиёти кишвар идома медиҳанд.      

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.