Сафири Қирғизистон дар Тоҷикистон Мирослав Ниёзов ба вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов нусхаи эътимоднома супурд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон, зимни мулоқот сафир имконоти бузурги мавҷуда барои ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон дар бахшҳои истифодаи захираҳои обиву энергетика, нақлиёт ва иқтисоду тиҷоратро зикр кардааст.
«Ӯ муҳим будани ҳарчи зудтар ҳаллу фасл гардидани масълаҳои таъйин ва аломатгузорӣ дар марзи давлатии кишварҳоро таъкид намуд. Дар навбати худ С.Аслов қайд кард, ки таҷрибаи ғанӣ ва огаҳии хуби сафир аз муносибатҳои дуҷониба ба ӯ имкон медиҳанд, ки ба сифати сафири кишвари ҳамсоя дар Тоҷикистон муваффақона фаъолият намояд. С.Аслов ба сафир итминон дод, ки дар рушди муносибатҳои дуҷониба аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба сафир ҳамаҷониба кумаку мусоидат карда мешавад», – зикр мегардад дар хабар.
Ба иттилои манбаъ, ҷонибҳо ҳамчунин масъалаи иштироки ҳайати Қирғизистон таҳти сарварии президенти ин кишвар Алмазбек Атамбаев дар ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар Душанбе рӯзҳои 11-12-уми сентябрро низ баррасӣ кардаанд.
Гуфта мешавад, ҷонибҳо сатҳи баланди муносибатҳо миёни кишварҳо ва фаъолияти назаррасии комиссияҳои байниҳукуматӣ оид ба таъйин ва аломатгузорӣ дар марзи давлатиро таъкид кардаанд.



