БМТ: Аксари бонкҳо ба ҷорисозии усулҳои бонкдории исломӣ омодаанд



Қисми зиёди бонкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳиши кор кардан бо маҳсулотҳои бонкдории исломиро доранд.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), бо мақсади амалӣ намудани заминаи меъёрии ҳуқуқӣ ва рушди маблағгузории исломӣ дар ҷумҳурӣ, БМТ бо дастгирии Бонки Исломии Рушд ва дар ҳамкорӣ бо Ширкати машваратии байналмилалии “Zaid Ibrohim & Co” (Малайзия) лоиҳаи Қонуни ҶТ  “Дар бораи фаъолияти бонкдории исломӣ”-ро таҳия намуд ва он 14 майи соли равон аз ҷониби парламенти Тоҷикистон қабул гардид.

«Дар ҷумҳурӣ талабот ба маблағгузорӣ ба иқтисодиёт бузург мебошад ва интизорӣ меравад, ки бонкдории исломӣ ба васеъ кардани доираи амалиёти бонкӣ, пайдо намудани манбаъҳои нави ҷалби сармояи хориҷӣ, инчунин амонатҳои дохилӣ мусоидат хоҳад кард», – омадааст дар маълумоти бонк.

Гуфта мешавад, илова бар ин, Гуруҳи кории БМТ оид ба омода намудани лоиҳаи санадҳои меъёрӣ ва татбиқи меъёрҳои бонкдории исломӣ дар ҷумҳурӣ фаъолият дорад.

Зимнан зикр мегардад, ки бо назардошти таҷрибаи пешқадами аксари мамлакатҳои олам, аз ҷумла Иттиҳоди Аврупо, ИМА, Чин, Русия, Озарбойҷон, Қирғизистон ва Қазоқистон, ки усули бонкдории исломиро дар низоми бонкии кишварҳои худ ҷорӣ намудаанд, БМТ ҳамкориҳои судмандро бо шарикони байналхалқӣ ва сармоягузорони хориҷӣ ҷиҳати ҷалби бештари қарзҳои имтиёзнок ва грантҳо ба иқтисодиёти кишвар идома медиҳанд.      

spot_imgspot_img

Популярное