Иштироки президент дар маросими ифтитоҳи «Майдони тенннис»-и пойтахт



Нимаи дуюми рӯзи 3-юми сентябр дар хиёбони Исмоили Сомонии пойтахт бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Майдони теннис бо зербинои муосир ифтитоҳ ёфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, ин майдони зебои теннис аз ҷониби КВД Роҳи оҳани Тоҷикистон бо харҷи беш аз 13 млн. сомонӣ мутобиқ бо стандартҳои ҷаҳонӣ бунёд ёфта, майдони асосии ин маҷмаи варзишӣ дорои се корти теннис ва 2600 ҷойи нишаст мебошад. Майдони теннис ва дигар инфрасохтори зарурии ин маҷмаа дар масоҳати умумии 2500 метри мураббаъ ҷойгир шудааст.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ба роҳбарону масъулони соҳа дастур дод, ки шароити то ба ҳол муҳайёшуда, аз ҷумла ин корти теннисро барои ташкили мусобиқаҳо байни шаҳру ноҳияҳо, рушди ин навъи зебои варзиш дар байни наврасону ҷавонон ва густариши тарзи ҳаёти солим ҳарчи бештару пурсамар истифода намоянд.

Дар ҳузури Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон даври ниҳоии мусобиқоти теннис миёни наврасони то 13 сола ва то 16 сола барои гирифтани Ҷоизаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар бозии ниҳоии мусобиқоти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ду ҷуфти духтарон яке то 13-сола ва дуввумӣ то 16-сола ва ду ҷуфти писарони ҳамин синну сол барои гирифтани ҷойҳои якум ва дуюм қувваозмоӣ намуданд.

Тавре зикр гардид, барои ғолибони мусобиқа Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷоиза бо маблағи 15 ҳазор сомонӣ ва барои ҷойи дуюм 10 ҳазор сомонӣ муайян шудааст.

Ҳамин тариқ ҷойи якуми мусобиқа, Ҷоми Президент ва шоҳҷоиза миёни духтарони то 13-сола насиби Наргиза Яҳёева гардид. Дар миёни духтарони то 16-сола бошад ба ин мақом Анастасия Турсунова мушарраф шуд. Миёни писарони синни то 13-сола ба ин мақоми баланд Мансур Мирзоев ва дар синни то 16-сола Фирӯз Муҳиддинов сазовор дониста шуданд.

Ҷойҳои дуюм ва ҷоизаҳои дуввуми Президенти Тоҷикистон ба маблағи 10-ҳазор сомонӣ ба Юлия Макашина ва Сироҷ Содиқов дар миёни теннисбозони то 13-сола ва ба Нодира Муллоҷонова ва Тимур Каримов дар миёни то 16-солаҳо супурда шуд.

spot_imgspot_img

Популярное