Тақдими мукофотҳои давлатӣ ба як гурӯҳи кормандони милиса

Чанде қабл котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон генерал-полковник Абдураҳим Қаҳҳоров ва вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ генерал-лейтенанти милиса Рамзаон Раҳимзода аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофотҳои давлатиро ба як қатор кормандони пшсафи милитсия супориданд. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, ба сардори Раёсати ВКД полковник З.Гадоев ва сардори воҳиди «Воҳиди махсус»-и вазорат полковник Б.Ҳамидов ордени «Спитамен» […]

ASIA-Plus



Чанде қабл котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон генерал-полковник Абдураҳим Қаҳҳоров ва вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ генерал-лейтенанти милиса Рамзаон Раҳимзода аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофотҳои давлатиро ба як қатор кормандони пшсафи милитсия супориданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, ба сардори Раёсати ВКД полковник З.Гадоев ва сардори воҳиди «Воҳиди махсус»-и вазорат полковник Б.Ҳамидов ордени «Спитамен» дараҷаи II супурда шуд.

Ба се нафар кормандони милиса медали «Ҷасорат», чор корманди мақомоти корҳои дохилӣ медали «Хизмати шоиста» ва се нафар кормандон «Ифтихорномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» тақдим карда шуд.

Қобили зикр аст, ки миёни бо ифтихорнома сарфарозшудагон сардори Маркази матбуоти дастгоҳи вазири корҳои дохилии  ҶТ Ҷалолидддин Садриддинов низ ҳузур дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.