Машварати раиси ҲНИТ оид ба омодагӣ ба интихобот

Рӯзи 3-юми сентябр Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Наҳзати Исломии Тоҷикистон зимни мулоқот бо масъулини шуъбаи илм ва кор бо уламои ҳизб дар атрофи авзоъи ҷомеъа, фишори мақомот болои рӯҳоният ва шаҳрвандони кишвар, барномарезӣ ва ҷанбаҳои мухталифи фаъолияти ин ниҳоди ҳизбӣ дар остонаи омодагириҳо ба интихоботҳои парлумонӣ ва маҷлисҳои маҳаллӣ диду назар ва мавқеъи раҳбарияти ҳизбро матраҳ […]

ASIA-Plus



Рӯзи 3-юми сентябр Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Наҳзати Исломии Тоҷикистон зимни мулоқот бо масъулини шуъбаи илм ва кор бо уламои ҳизб дар атрофи авзоъи ҷомеъа, фишори мақомот болои рӯҳоният ва шаҳрвандони кишвар, барномарезӣ ва ҷанбаҳои мухталифи фаъолияти ин ниҳоди ҳизбӣ дар остонаи омодагириҳо ба интихоботҳои парлумонӣ ва маҷлисҳои маҳаллӣ диду назар ва мавқеъи раҳбарияти ҳизбро матраҳ сохт.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲНИТ, атрофи масоили матраҳшуда миёни ширкатдорони ин нишаст табодули афкор доир гардидааст.

Зикр мегардад, ки ба масъулини шуъбаи мазкур дастур дода шуд, ки мақолаҳои ақидатӣ, илмӣ, ахлоқӣ ва фарҳангиро таҳия сохта, дар ВАО-и ҳизб ба чоп бирасонанд. Ҳамчунин ин гуна мақолаҳоро дар шакли китобчаву буклетҳо нашр карда, дар ихтиёри аъзову ҳаводорони ҳизҳб ва дар умум сокинони кишвар қарор бидиҳанд.

Гуфта мешавад, зимни мулоқот ба ин ниҳоди ҳизбӣ машваратҳое ҳам дар мавриди роҳандозии дидору суҳбатҳо бо уламову машоихи кишвар ва ҳамкории судманд бо онҳо ироъа гардиданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.