Дар нишасти НАТО Тоҷикистонро сафири кишвар дар Белгия намояндагӣ мекунад

Дар нишасти Созмони Адномаи Аталанткаи Шимолӣ (НАТО), ки имрӯз дар Уэлс ба кор шурӯъ мекунад, Тоҷикистонро сафири кишвар дар Брюссел Рустамҷон Солиев намояндагӣ мекунад. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» роҳбари департаменти итттилооти ВКХ Тоҷикистон Абдулфайз Атоев хабар дод. Қобили зикр аст, ки зимни мулоқоти президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо дабири кулли НАТО Андерс Фог Расмуссен […]

Аваз Юлдошев



Дар нишасти Созмони Адномаи Аталанткаи Шимолӣ (НАТО), ки имрӯз дар Уэлс ба кор шурӯъ мекунад, Тоҷикистонро сафири кишвар дар Брюссел Рустамҷон Солиев намояндагӣ мекунад. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» роҳбари департаменти итттилооти ВКХ Тоҷикистон Абдулфайз Атоев хабар дод.

Қобили зикр аст, ки зимни мулоқоти президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо дабири кулли НАТО Андерс Фог Расмуссен санаи 10-уми апрели соли 2013 дар Брюссел дабири кулли созмон ба нақши Тоҷикистон дар кумаки амалӣ ба нерӯҳои эътилофии Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ дар Афғонистон ва мусоидати фаъол ба эҳёи иқтисодиёту иҷтимоиёти ин кишвар баҳои баланд дода, давлати моро дар ин раванд «шарики боэътимоду устувори НАТО» номид.

«НАТО дар масири мусоидат ба эҳёи иқтисодиёту иқтимоиёти Афғонистон ва омодасозии кадрҳои низомӣ ва полиси афғон аз имконоти Тоҷикистон имрӯз ва пас аз соли 2014 низ васеъ истифода мекунад», – гуфта буд Андерс Фог Расмуссен.

Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба пайомадҳои хуруҷи нерӯҳои байналмилалӣ аз Афғонистон, ки соли 2014 ба поён мерасад, изҳор дошта буд: «Вусъат додани робитаҳои иқтисодӣ дар минтақа ва ҷалби ҳарчӣ бештари Афғонистон ба равандҳои ҳамгироии иқтисодии минтақавӣ воситаи самарабахше дар масири сулҳсозӣ дар ин кишвар хоҳад буд».

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.