Нерӯгоҳи Роғун муҳлати истифодаи обанбори Норак ва силсиланерӯгоҳҳи рӯдхонаи Вахшро беш аз 100 сол зиёд мекунад. Дар ин бора дар натиҷаҳои Арзёбии таъсири экологӣ ва иҷтимоии лоиҳаи сохтмони нерӯгоҳ, ки аз ҷониби ширкати швейтсарии Poyry Energy Ltd. гузаронида шуд, маълумот дода мешавад.
Коршиносони ширкат бар ин боваранд, ки нерӯгоҳи Роғун ба афзудани имконот оид ба идоракунии обхезиҳо ва ҳифзи обанбори Нораку силсиланерӯгоҳҳои поёноб имкон фароҳам месозад.
Илова бар ин, коршиносони байнулмилалӣ қайд мекунанд, ки бидуни амалисозии лоиҳаи сохтмогнни нерӯгоҳи Роғун, бунёди нерӯгоҳи Шӯроб бо иқтидори ҳудуди 850 МВт, ки сохтмонаш дар байни нерӯгоҳҳои Роғуну Норак дар назар аст, ғайриимкон аст.
Зикр мегардад, ки рӯдхонаҳои Тоҷикистон дорои маҷрои мавсимии об мебошанд, ки тобистон зиёд шуда, зимистон коҳиш меёбад. «Аз ин рӯ, танҳо нерӯгоҳҳои маҷроӣ метавонанд мушкилоти таъмин бо барқ дар мавсими сарморо ҳал карда, бояд дар поёноби маҷрои обанборҳо сохта шаванд», – гуфта мешавад дар арзёбӣ.
Ҳамчунин таъкид мегардад, ки тамоми минтақаҳои лоиҳаҳои имконпазири гидроэнергетикии Тоҷикистон дар болооби яке аз маҷроҳои баҳри Арал ва аксари онҳо дар ҳавзаи Амударё ҷойгир шудаанд, аз ҷумла нерӯгоҳи Даштиҷум.
«Ҳамин тариқ, ҳар кадоме аз лоиҳаҳои муттаҳид ва танзимкунанда дар Тоҷикистон ба тақсими мавсимии маҷрои поёноб таъсири имконпазир доранд», – хулоса баровардаанд коршиносони Poyry Energy Ltd.
Ёдрас мекунем, ки корҳои таҳқиқоти лоиҳаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун ҳанӯз соли 1969 оғоз гардида буданд. Корҳои асосии сохтмони нерӯгоҳ бо иқтидори 3,2 ҳазор МВт аз соли 1980 шурӯъ шуданд. Баландии сарбанд тибқи лоиҳа 335 метрро ташкил медиҳад. Ҳаҷми муфиди захираи обанбор, ки комилан пур шудани он муддати 16 сол ба нақша гирифта шудааст, ба 10,3 млн. метри мукааб баробар аст. Муҳлати истифодаи нерӯгоҳи Роғун 115-200 сол арзёбӣ мешавад.


