Вакил: Моратория ба санҷиши субъектҳои соҳибкорӣ иқтисодро наҷот дод

– Фармони аз 1-уми октябри соли 2011 баимзорасида аз ҷониби президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ» ба муҳлати се сол бешубҳа дар рушди Тоҷикистон нақши муҳим бозида, метавон гуфт, ки бахши хусусии иқтисодро, ки 93% аз ҳиссаи умумии иқтисоди миллии кишварро ташкил […]

Аваз Юлдошев



– Фармони аз 1-уми октябри соли 2011 баимзорасида аз ҷониби президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ» ба муҳлати се сол бешубҳа дар рушди Тоҷикистон нақши муҳим бозида, метавон гуфт, ки бахши хусусии иқтисодро, ки 93% аз ҳиссаи умумии иқтисоди миллии кишварро ташкил медиҳад, аз дигаргуниҳои ногувор наҷот бахшид ва дастовардҳои се соли ахири иқтисоди ҷумҳурӣ ба ин фармон робитаи зич доранд, – чунин ибрози андеша намуд ба «Азия-Плюс» узви Кумитаи иқтисод ва молияи палатаи поёнии парлумон, котиби Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Исмоил Талбаков.

«Ба туфайли ин моратория тайи солҳои ахир тоҷирони тоҷик ба рушди бахши иҷтимоӣ, сохтмони роҳу бемористон ва мактабҳо сармоягузорӣ намуда, ба фаъолиятҳои сарпарастӣ машғуланд», – қайд кард вакил.

Ба гуфтаи ӯ, то мавриди амал қарор гирифтани мораторияи мазкур соҳибкорони тоҷик мунтазам ба парлумон дар бораи санҷишҳои беасоси мақомоти давлатӣ арзу шикоят мекарданд.

«Масалан, соли 2010 ба ман ҳамчун вакили мардумӣ як соҳибкор аз ноҳияи Фархор шикоят карда, изҳор кард, ки дар муддати як сол фаъолияташ чор маротиба аз ҷониби сохторҳои гуноугн мавриди санҷиш қарор гирифта, чор моҳ тоҷир ба рушди кори худ имкон надоштааст. Пас аз эълони моратория арзу шикояти соҳибкорон дар робита ба санҷишҳо бамаротиб кам шуданд», – зикр кард И.Талбаков.

Дар ҳамин ҳол, вакил бар ин назар аст, ки ҳукумат бояд таъҷилан амали ин мораторияро мавриди таҳлил қарор дода, сипас бо назардошти камбудиҳои ҷойдошта, президентро зарур аст, ки боз ин дафъа ба муҳлати панҷ сол мораторияи навбатӣ эълон кунад.

«Тоҷири машғули кор дар истеҳсолот имрӯз бояд бовар дошта бошад, ки бо пардохти андоз метавонад оромона бо рушди тиҷорати худ машғул бошад. Ман мутмаинам, ки моратория ба коҳиши мизони коррупсия дар ҷомеа, бунёди иқтидорҳои нав ва муҳайё кардани ҷойҳои нави корӣ дар кишвар мусоидат кард», – таъкид дошт номбурда.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.