Кумаки техникии Чин ба артиши Тоҷикистон

Date:



Дар сафари қарибулвуқӯъи раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ба Тоҷикистон ӯро як гурӯҳи афсарони воломақоми Артиши мардумии озодихоҳои Чин ҳамроҳӣ хоҳанд кард.

Тавре як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, дар назар аст, ки низомиёни Чин барои Вазорати мудофиаи Тоҷикистон як миқдор кумаки техникиро хоҳанд супурд.

«Дар доираи сафари сарвари давлати Чин ба Душанбе мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани Хонаи афсарони Вазорати мудофиаи ҶТ дар шаҳри Душанбе дар назар аст, ки комилан аз ҳисоби маблағҳои бурсии Чин сохта шудааст», – гуфт манбаъ.

Ба иттилои манбаъ, дар маросими ифтитоҳи Хонаи афсарон, ки дар паҳлӯи бинои марказии Вазорати мудофиа қомат меафрозад, ҳамчунин сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ ширкат меварзад.

Ёдрас мекунем, ки сохтмони Хонаи афсарон дар шаҳри Душанбе моҳи июни соли 2012 оғоз гардида, барои бунёди он Чин ба сифати бурс 90 млн. юан (тақрибан 14 млн. доллари ИМА) маблағ ҷудо кард.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ,...

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар давлатҳои ҷангзада. Теъдоди оилаҳои тоҷик чӣ қадар аст?

Дар давлатҳои ҷангзада беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ...

250-300 зану кӯдаки тоҷик дар Сурияву Ироқ мондаанд. Тақдири онҳо норавшан аст

Ҳоло дар аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тахминан...

Роҳбари МТС як омили асосии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро гуфт

Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон мегӯяд,...