Кумаки техникии Чин ба артиши Тоҷикистон

Дар сафари қарибулвуқӯъи раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ба Тоҷикистон ӯро як гурӯҳи афсарони воломақоми Артиши мардумии озодихоҳои Чин ҳамроҳӣ хоҳанд кард. Тавре як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, дар назар аст, ки низомиёни Чин барои Вазорати мудофиаи Тоҷикистон як миқдор кумаки техникиро хоҳанд супурд. «Дар доираи сафари сарвари давлати Чин ба Душанбе […]

Аваз Юлдошев



Дар сафари қарибулвуқӯъи раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ба Тоҷикистон ӯро як гурӯҳи афсарони воломақоми Артиши мардумии озодихоҳои Чин ҳамроҳӣ хоҳанд кард.

Тавре як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, дар назар аст, ки низомиёни Чин барои Вазорати мудофиаи Тоҷикистон як миқдор кумаки техникиро хоҳанд супурд.

«Дар доираи сафари сарвари давлати Чин ба Душанбе мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани Хонаи афсарони Вазорати мудофиаи ҶТ дар шаҳри Душанбе дар назар аст, ки комилан аз ҳисоби маблағҳои бурсии Чин сохта шудааст», – гуфт манбаъ.

Ба иттилои манбаъ, дар маросими ифтитоҳи Хонаи афсарон, ки дар паҳлӯи бинои марказии Вазорати мудофиа қомат меафрозад, ҳамчунин сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ ширкат меварзад.

Ёдрас мекунем, ки сохтмони Хонаи афсарон дар шаҳри Душанбе моҳи июни соли 2012 оғоз гардида, барои бунёди он Чин ба сифати бурс 90 млн. юан (тақрибан 14 млн. доллари ИМА) маблағ ҷудо кард.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.