Оғози сохтмони роҳи мошингарди Исфара-Ворух

Дар Исфара имрӯз бо иштироки муовинони нахуствазирони Тоҷикистону Қирғизистон Муродалӣ Алимардон ва Абдураҳмон Маматалиев ба сохтмони роҳи мошингарди Исфара – Ворух, ки ҷамоати Тоҷикистонро аз ҷазирақаламрав берун меорад, ҳусни оғоз бахшида шуд. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз дастгоҳи ҳукумати вилояти Суғд хабар дод, дар маросими оғози бунёди роҳи нави мошингарди Исфара – Ворух (бидуни […]

Аваз Юлдошев



Дар Исфара имрӯз бо иштироки муовинони нахуствазирони Тоҷикистону Қирғизистон Муродалӣ Алимардон ва Абдураҳмон Маматалиев ба сохтмони роҳи мошингарди Исфара – Ворух, ки ҷамоати Тоҷикистонро аз ҷазирақаламрав берун меорад, ҳусни оғоз бахшида шуд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз дастгоҳи ҳукумати вилояти Суғд хабар дод, дар маросими оғози бунёди роҳи нави мошингарди Исфара – Ворух (бидуни убури деҳаи Оқсойи Қирғизистон) ҳамчунин ёвари президенти ҶТ оид ба масоили амнияти миллӣ Шералӣ Хайруллоев, раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ, роҳбарони ноҳияҳои ҳаммарз бо Тоҷикистони кишвари ҳамсоя ва шахсони бонуфузу рӯзгордида аз ҳарду ҷониб низ ҳузур доштанд.

«Ҳамзамон ҷониби Қирғизистон низ сохтмони роҳи мошингарди Кӯктош – Оқсой (бидуни убури деҳаи Тоҷикони Ҷумҳурии Тоҷикистон)-ро низ шурӯъ кард», – иброз дошт манбаъ.

Коршиносон бар ин назаранд, ки ҳалли мушкилоти марбут ба сохтмони роҳҳо ба муноқишаҳои доимӣ дар марзи ҳарду кишвар хотима хоҳад бахшид.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.