Ҷаримабандии раҳбари бахши ҲНИТ дар Шӯрообод ба маблағи 12 ҳазор сомонӣ

Раиси бахши Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар ноҳияи Шӯроободи вилояти Хатлон Мадисо Ҷалиловро мкақомоти андози ноҳия ба маблағи 12 ҳазор сомонӣ ҷарима бастанд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» тариқи телефон худи ҷабрдида М.Ҷалилов хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, имрӯз кормандони мақомоти андози ноҳия ва иҷрочии суд ба хонааш омада, ҳарчи зудтар пардохт намудани маблаги ҷаримаро […]

Аваз Юлдошев



Раиси бахши Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар ноҳияи Шӯроободи вилояти Хатлон Мадисо Ҷалиловро мкақомоти андози ноҳия ба маблағи 12 ҳазор сомонӣ ҷарима бастанд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» тариқи телефон худи ҷабрдида М.Ҷалилов хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, имрӯз кормандони мақомоти андози ноҳия ва иҷрочии суд ба хонааш омада, ҳарчи зудтар пардохт намудани маблаги ҷаримаро талаб кардаанд.

«Бинобар сабаби гӯё аз ҷониби ман истифода шудани манзилам ба сифати дафтари кории бахши ҳизб, қаблан маро ҷарима кардаанд, ки ман бо ин қатъиян розӣ нестам. Мақомоти андоз мегӯянд, ки барои ба сифати дафтари кории ҳизб истифода кардани хонаам, ман бояд сертификат гирифта, андозҳоро пардохт мекардам, вале ҲНИТ дар Шӯрообод дафтари корӣ надорад ва ман ҳеҷ гоҳ манзиламро ба сифати дафтари кории ҳизб истифода накардаам», – қайд кард Ҷалилов.

Номбурда ҳамчунин зикр кард, ки ҳодисаи мазкур низ яке аз қисматҳои маъракаест, ки ҳукуматдорон алайҳи ҲНИТ роҳандозӣ кардаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.