Маблағҳои интиқолии муҳоҷирон аз буҷети 8-моҳаи Муъминобод ду маротиба зиёд шуданд

Date:



Тибқи маълумоти расмӣ, дар зарфи 8 моҳи соли равон аз сӯи муҳоҷирони корӣ ба ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон 5 млн. 263 ҳазору 42 доллари ИМА ва 60 млн. 224 ҳазор рубли русӣ интиқол дода шудааст.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз доираҳои молии ноҳия хабар доданд, ин маблағ ду маротиба аз буҷети ноҳия дар ин давра зиёд аст. «Саҳми муҳоҷирони корӣ ба иқтисоди ноҳияи Муъминобод хеле назаррас аст, зеро ноҳия 75,1% аз буҷети ҷумҳуриявӣ маблағгузорӣ мешавад, – гуфт манбаъ ва зикр кард, ки тайи 8 моҳ ба ноҳия аз пойтахт 13 млн. 449 ҳазору 596 сомонӣ маблағ ворид гардида, худи ноҳия мустақилона 4 млн. 454 ҳазору 551 сомонӣ (қисмати даромади буҷет) маблағи ба даст овардааст.

Дар ҳамин ҳол, маблағҳои аз сӯи муҳоҷирон фиристода ба болоравии худкифоии иқтисоди ноҳия мусоидат мекунанд. «Тавассути таъсиси истеҳсолоти хурду миёнаи оилавӣ аз ҳисоби ин маблағҳо, дар зарфи 2 сол муяссар шуд, ки вобастагии ноҳия ба буҷети ҷумҳуриявӣ қариб 3% камтар карда шавад», – гуфтанд дар дастгоҳи ҳукумати ноҳия.

Зимнан зикр гардид, ки айни замон 2 ҳазору 543 нафар сокинони ноҳияи Муъминобод дар муҳоҷирати корӣ, асосан дар қаламрави Русия қарор доранд, ки 34 нафарашонро занон ташкил медиҳанд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...