Тайи ним сол хориҷиён дар Русия ҳудуди 25 ҳазор ҷиноят содир намуданд

Бино ба маълумоти васоити ахбори умум, вазири корҳои дохилии Русия Владимир Колоколтсев дар ҷаласаи Шӯрои вазирони кишварҳои узви ИДМ изҳор намудааст, ки нимсолаи аввали соли ҷорӣ шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави Русия 24,5 ҳазор ҷиноят содир намудаанд. Вазири корҳои дохилии Русия қайд кардааст, ки барои ВКД Русия мубориза алайҳи ҷинояткории фаромиллӣ яке аз самтҳои муҳим боқӣ […]



Бино ба маълумоти васоити ахбори умум, вазири корҳои дохилии Русия Владимир Колоколтсев дар ҷаласаи Шӯрои вазирони кишварҳои узви ИДМ изҳор намудааст, ки нимсолаи аввали соли ҷорӣ шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави Русия 24,5 ҳазор ҷиноят содир намудаанд.

Вазири корҳои дохилии Русия қайд кардааст, ки барои ВКД Русия мубориза алайҳи ҷинояткории фаромиллӣ яке аз самтҳои муҳим боқӣ мемонад. «Нимсолаи аввали соли ҷорӣ шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави Русия 24,5 ҳазор ҷиноят содир намудаанд, ки 86%-ашон шаҳрвандони кишварҳои узви ИДМ мебошанд», – гуфтааст ӯ.

Ғайр аз ин, ба қавли Колоколтсев, дар ин давра дар қаламрави Русия беш аз 4,5 ҳазор афроди паноҳанда аз мақомоти бозҷӯйӣ, тафтишот ва суд боздошт шудаанд.

Ҳамчунин Колоколтсев аз ҳамтоёни худ даъват кардааст, ки ба ҳамкориҳо дар мардавлатии кишварҳо тақвият бахшида шавад.

Ёдрас мекунем, ки ҷаласаи  Шӯрои вазирони корҳои дохилии кишварҳои узви ИДМ рӯзҳои 4-6-уми сентябр дар Чолпон-Ота (Қирғизистон) доир гардида, дар он ҳайатҳои ВКД-и Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон ширкат варзиданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.