37 млн. сомонӣ ба сохтмони меҳмонхонаи навбатии панҷситорадор дар Душанбе

Ҳукумати Тоҷикистон ба палатаи поёнии парлумон аз пардохти андоз аз арзиши изофа ва боҷи содиротӣ озод кардани воридоти таҷҳизот барои сохтмони меҳмонхонаи «Исмоили Сомонӣ» дар хиёбони Рӯдакии пойтахтро пешниҳод намуд. Муовини раиси Кумитаи молия ва иқтисоди МНМО ҶТ Сафаралӣ Гулов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки маблағи умумии аз ин пардохтҳо озодшуда 7 […]



Ҳукумати Тоҷикистон ба палатаи поёнии парлумон аз пардохти андоз аз арзиши изофа ва боҷи содиротӣ озод кардани воридоти таҷҳизот барои сохтмони меҳмонхонаи «Исмоили Сомонӣ» дар хиёбони Рӯдакии пойтахтро пешниҳод намуд.

Муовини раиси Кумитаи молия ва иқтисоди МНМО ҶТ Сафаралӣ Гулов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки маблағи умумии аз ин пардохтҳо озодшуда 7 млн. 627 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Вакил таъкид намуд, ки соли гузашта низ воридоти таҷҳизот барои сохтмони ин иншоот  аз пардохти андоз аз арзиши изофа ва боҷи содиротӣ озод шуда буд, вале соли 2013 воридоти таҷҳизот сурат нагирифтааст.

Ба гуфтаи як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ, фармоишгари сохтмони меҳмонхонаи «Исмоили Сомонӣ» дар хиёбони Рӯдакии пойтахт Дастгоҳи иҷроияи президенти мамлакат аст ва ҷиҳати сохтмони он ҷудо шудани ҳудуди 37 млн. сомонӣ аз буҷети давлатӣ дар назар аст. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.