Президент вазири корҳои хориҷии Малайзияро ба ҳузур пазируфт

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Малайзия Анифаҳ Ҳоҷӣ Амонро ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот масоили вобаста ба муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории ду кишвар баррасӣ шуд. Таваҷҷуҳи зиёд ба роҳҳои татбиқи босамари санадҳои дуҷониба ва тавофуқоти судманд, ки зимни сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Малайзия […]



Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Малайзия Анифаҳ Ҳоҷӣ Амонро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот масоили вобаста ба муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории ду кишвар баррасӣ шуд. Таваҷҷуҳи зиёд ба роҳҳои татбиқи босамари санадҳои дуҷониба ва тавофуқоти судманд, ки зимни сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Малайзия моҳи июни соли равон ҳосил шуда буд, зоҳир гардид.

Зарурати таъсиси ҳарчи зудтари комиссияи байниҳукуматии ҳамкорӣ ва фаъол намудани он ва ҳамчунин ба роҳ мондани робитаҳои байнипарлумонӣ ва байнисоҳавӣ таъкид гардид.

Мусоидат ба густариши робитаҳои мустақими миёни сохторҳои хусусӣ ва соҳибкории ду кишвар низ басо муҳим дониста шуд. Таъкид гардид, ки барои ин, аз ҷумла созишномаи байниҳукуматӣ оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андоз, даромад ва сармоя бояд ба имзо расонда шавад.

Бо қаноатмандӣ аз робитаҳои судбахши ду кишвар дар соҳаи маориф, аз ҷумла таҳсили шумораи зиёди донишҷӯёни тоҷик дар Малайзия, таъкид гардид, ин таҷриба бояд густариш дода шавад.

Зарурати рушди ҳамкорӣ дар бахши туризм ва дигар соҳаҳои ояндадор низ таъкид гардид.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.