Дар Красноярск барои ҷаррроҳии тифли навзоди тоҷик маблағ ҷамъоварӣ мекунанд

Дар шаҳри Красноярски Русия ихтиёриён барои ҷарроҳии тифли навзоди якмоҳа аз Тоҷикистон маблағи пулӣ ҷамъоварӣ мекунанд. Бино ба маълумоти хабаргузории НГС. Новости , Марям Сафароваи 1-моҳа рӯзи 5-уми сентябр аз бемористони №20-и шаҳр ба шуъбаи эҳёгарии маркази ҷарроҳии дилу раг барои кӯдакон гузаронида шудааст. «Вазъи солимии кӯдак дар ҳоли бадшавӣ қарор дошта, барои наҷоти ҳаёти […]



Дар шаҳри Красноярски Русия ихтиёриён барои ҷарроҳии тифли навзоди якмоҳа аз Тоҷикистон маблағи пулӣ ҷамъоварӣ мекунанд.

Бино ба маълумоти

хабаргузории НГС. Новости

, Марям Сафароваи 1-моҳа рӯзи 5-уми сентябр аз бемористони №20-и шаҳр ба шуъбаи эҳёгарии маркази ҷарроҳии дилу раг барои кӯдакон гузаронида шудааст.

«Вазъи солимии кӯдак дар ҳоли бадшавӣ қарор дошта, барои наҷоти ҳаёти тифл анҷоми ҷарроҳии дили ӯ зарур аст, ки арзишаш 1,2 млн. рублро ташкил медиҳад», – менависад хабаргузорӣ.

Гуфта мешавад, волидайни тифл шаҳрвандони Тоҷикистон буда, барои кор ба шаҳри Красноярск омадаанд, аз ин рӯ, аз ҳисоби буҷет гузаронидани ҷарроҳӣ барои кӯдак имкон надорад.

Ихтиёриёнро хабарнигори НГС рӯзи 6-уми сентябр дар гузаргоҳи назди маркази телевизиону радиои «Планета» мушоҳида кардааст. Онҳо бо шиору овезаҳои ҳикояткунандаи таърихи духтарча рост истода, барои ҷалби таваҷҷуҳ аз филмҳои тасвирӣ сурудҳо мехондаанд.

Зикр мегардад, ки ихтиёриён аз роҳгузарон даъват мекардаанд, ки барои ҷамъоварии мбалағ ба онҳо ҳамроҳ шуда, рост биистанд ва чанде даъвати онҳоро пазируфтаанд. Аз рӯи мушоҳидаҳои хабарнигор, роҳгузарон ба қуттии хайрия пулҳои арзишашон 50 ва 100-рублӣ мепартофтаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.