Ба қонуни ҶТ «Дар бораи милитсия» тағйирот ворид мешавад

Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Шӯрои палатаи поёнии парлумон доир гардид. Тавре ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов хабар дод, дар ҷаласаи Шӯпро масоили ворид намудани тағйироту илова ба қонунҳои ҶТ «Дар бораи буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2014», «Дар бораи амнияти озуқаворӣ» […]



Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Шӯрои палатаи поёнии парлумон доир гардид.

Тавре ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов хабар дод, дар ҷаласаи Шӯпро масоили ворид намудани тағйироту илова ба қонунҳои ҶТ «Дар бораи буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2014», «Дар бораи амнияти озуқаворӣ» ва «Дар бораи милисия» баррасӣ шуданд.

«Дар ҷаласаи Шӯрои ҳамчунин масоили марбут ба тасдиқи Созишномаи бурсӣ миёни Тоҷикистон ва Бонки осиёгии рушд оид ба лоиҳаи «Ҳамкории иқтисодии минтақавии осиёимиёнагӣ оид ба такмили фаъолияти хадамоти марзбонӣ», Созишнома миёни Тоҷикистону Афғонистон дар бораи ҳавасмандсозӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузориҳо, Созишнома миёни Тоҷикистону Қазоқистон дар бораи аз ҳарду ҷониб ҷудо кардани қитъаи замин барои сохтмони намояндагиҳои дипломатӣ, Созишнома миёни Тоҷикистон ва Аморати Муттаҳидаи Араб дар бораи аз ҳарду ҷониб ҷудо кардани қитъаи замин барои сохтмони намояндагиҳои дипломатӣ низ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд», – гуфт манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки дар ҷаласаи Шӯрои масъалаи сафарҳои хидматии вакилони палатаи поёнии парлумон ба шаҳру навоҳии кишвар ҷиҳати мулоқот бо интихобкунандагон, ки аз 15-уми сентябр то ахири ҳамин моҳ идома меёбанд, низ матраҳ гардид.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.