Баста шудани дафтари кории бахши ҲНИТ дар Мастчоҳ

Дафтари кории бахши Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар ноҳияи Мастчоҳ бо супориши прокурори ин ноҳия баста шуд. Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲНИТ, қароргоҳи бахши ноҳияии ҳизб дар Масчоҳ ба соҳиби қаблии ин бино, Исматуллоҳ Боймуллоев бозпас гардонида шудааст. «Бар асоси риоя нашудани талаботи меъёрҳои қонунгузории кишвар зимни харидани бинои дафтарии кории бахши ҳизб дар […]



Дафтари кории бахши Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар ноҳияи Мастчоҳ бо супориши прокурори ин ноҳия баста шуд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲНИТ, қароргоҳи бахши ноҳияии ҳизб дар Масчоҳ ба соҳиби қаблии ин бино, Исматуллоҳ Боймуллоев бозпас гардонида шудааст.

«Бар асоси риоя нашудани талаботи меъёрҳои қонунгузории кишвар зимни харидани бинои дафтарии кории бахши ҳизб дар ноҳия, прокурор супориш дод, ки бино ба соҳибмулқи қаблӣ баргардонида шавад», – зикр мегардад дар иттилои манбаъ.

Ба иттилои манбаъ, раиси бахши ҲНИТ дар ноҳияи Мастчоҳ Илҳом Беков прокурори ноҳияро аз иҷрои супориш расман хабар додааст.

«Раёсати бахши ҲНИТ дар ин ноҳия паҳлуҳои қонунии ин амро мавриди баррасӣ қарор дода, ба хулоса расид, ки он моҳиятан дуруст аст ва дар вақти таъинотӣ бояд ин амрро иҷро кард», – қайд мешавад дар хабар.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.