ҲИИТ дар парлумони оянда фраксияи худро таъсис доданист

Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон (ҲИИТ) дар парлумони оянда, ки интихоботи навбатӣ ба он ахири моҳи феврали соли 2015 баргузор мешавад, фраксияи худро таъсис доданист. Раиси ҲИИТ, доктори улми иқтисодӣ, роҳбари Пажуҳишгоҳи иқтисоди Академияи улуми Тоҷикистон Олимҷон Бобоев ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки ҳизби таҳти сарварии ӯ қарордошта дар пленуми моҳи ноябр шумори […]



Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон (ҲИИТ) дар парлумони оянда, ки интихоботи навбатӣ ба он ахири моҳи феврали соли 2015 баргузор мешавад, фраксияи худро таъсис доданист.

Раиси ҲИИТ, доктори улми иқтисодӣ, роҳбари Пажуҳишгоҳи иқтисоди Академияи улуми Тоҷикистон Олимҷон Бобоев ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки ҳизби таҳти сарварии ӯ қарордошта дар пленуми моҳи ноябр шумори номзадҳо аз ҲИИТ ба вакилӣ дар парлумонро муайян хоҳад кард.

«Айни замон ҳизби мо ба таҳияи барномаи пешазинтихоботӣ машғул аст, ки асоси онро пешниҳоду тавсияҳо оид ба эҳёи иқтисоди Тоҷикистон ва баргузории ислоҳот дар бахши иқтисоди миллӣ ташкил медиҳанд», – иброз дошт Олимҷон Бобоев.

Ёдрас мекунем, ки ҲИИТ соли 1995 таъсис дода шуда, имрӯз дар сафҳои худ ҳудуди 20 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистонро муттаҳид месозад. Дар интихоботи парлумонии соли 2010 ду нафар намояндагони ҳизб ба курсии вакилӣ дар палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ соҳиб шуданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.