Табрикоти Шӯрои ВАО ба ифтихори Рӯзи байналмилалии ҳамраъйии журналистон

Шӯрои васоити ахбори оммаи Тоҷикистон рӯзноманигорни тоҷикро ба ифтихори Рӯзи байналмилалии ҳамраъйии журналистон табрик гуфт. Дар паёми шодбошии дар ин робита интишоршудаи Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон зикр мегардад, ки бо қарори Конгресси 4-уми Созмони байналмилалии журналистон аз 8 сентябри соли 1958, мабнӣ ба гиромидошти хотираи публитсисти зиддифашисти чех Юлиус Фучик таҷлил мегардад ва бо тасмими СММ […]



Шӯрои васоити ахбори оммаи Тоҷикистон рӯзноманигорни тоҷикро ба ифтихори Рӯзи байналмилалии ҳамраъйии журналистон табрик гуфт.

Дар паёми шодбошии дар ин робита интишоршудаи Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон зикр мегардад, ки бо қарори Конгресси 4-уми Созмони байналмилалии журналистон аз 8 сентябри соли 1958, мабнӣ ба гиромидошти хотираи публитсисти зиддифашисти чех Юлиус Фучик таҷлил мегардад ва бо тасмими СММ аз охири асри гузашта Рӯзи байналмилалии ҳамраъйии журналистон унвон гирифтааст.

«Бо пиндори муассисони ин сана, рӯзноманигорони тамоми кишварҳои ҷаҳон дар маҳфилу нишастҳои ихтисосии Рӯзи байналмилалии ҳамраъйии журналистон бояд дар амри дифоъ аз ҳуқуқҳои касбӣ табодули афкор намоянд, сабақу таҷоруби ҳосилшударо дар роҳи талошу пайкор баҳри таъсиргузорӣ ба равандҳои рушди босубот, озодию ободии ҷомеа ба ҳам бубинанд, дар нисбати устувор гардонидани нақш ва мавқеи журналистикаи хушсифат ҳамраъйии хешро изҳор доранд», – омадааст дар паём.

Гуфта мешавад, дар шароити кунунии ҷаҳонигароӣ, дар пасманзари таҳдидҳои зуҳуроту падидаҳои номатлуб ба ҷомеаҳои осебпазир, дар шароите, ки фазои иттилоотӣ торафт садднописанд шудан дорад, иҷрои вазифаҳои мусоидат ба суботи ҷомеа, ба рушду такомули давлатдорӣ ва пойдории фарҳангу арзишҳои миллӣ, ҳамзамон бо дифоъ ва истифода аз ҳуқуқи озодии баён ва матбуот, аз ҷомеаи журналистӣ ҳамраъйии бештари касбӣ тақозо менамояд.

«Мусаллам аст, ки ҳамраъйии воқеии касбӣ ба заминаи муҳимтарини он – пайравӣ аз усулҳои бунёдии журналистика, ба мисли ҳақиқатнигорӣ, воқеъбинӣ, адолатпешагӣ, таҳаммулпазирӣ, бояд асос ёбад. Ба ин маънӣ, падидаҳои ҳамраъйии журналистони тоҷик дар инъикосу баррасии бештари масоили доғи ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ боиси сутуданист». – изҳор мегардад дар паём.

Зимнан зикр мегардад, ки вале ҳамзамон зуҳуроти номатлуберо ҳам ба мисли чашмпӯшӣ аз воқеияти рӯз, ситоиши ноҷо, паст задани шаъну эътибори инсон, риоя накардани принсипи «эҳтимоли бегуноҳӣ», дар матолиби матбуоти даврӣ, барномаҳои радиову телевизион ва сомонаҳои интернетӣ, набояд нодида гирифт, ки журналистон ва кормандони ВАО бархилофи принсипҳои касбӣ, ба хотири манфиатҳои маҳдуди идоравию ҳизбӣ, гурӯҳиву хусусӣ роҳ медиҳанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.