Занозании таксиронҳои тоҷик дар назди бозори «Садовод»-и Маскав

Сафорати Тоҷикистон дар Русия ҷараёни тафтиши ҳодисаи муноқишаву занозанӣ миёни таксиронҳо дар назди бозори «Садовод»-и шаҳри Маскавро, ки рӯзи 6-уми сентябр ба вуқӯъ пайваст, таҳти назорат гирифта, бо супориши сафир Имомудиин Сатторов кормандони сохторҳои дахлдор ҷиҳати таҳқиқи ҳолатҳои қазия ба ҷойи ҳодиса сафарбар шудаанд. Тавре ба «Азия-Плюс» котиби матбуоти намоядагии Хадамоти муҳоҷирати ҶТ дар Русия […]



Сафорати Тоҷикистон дар Русия ҷараёни тафтиши ҳодисаи муноқишаву занозанӣ миёни таксиронҳо дар назди бозори «Садовод»-и шаҳри Маскавро, ки рӯзи 6-уми сентябр ба вуқӯъ пайваст, таҳти назорат гирифта, бо супориши сафир Имомудиин Сатторов кормандони сохторҳои дахлдор ҷиҳати таҳқиқи ҳолатҳои қазия ба ҷойи ҳодиса сафарбар шудаанд.

Тавре ба «Азия-Плюс» котиби матбуоти намоядагии Хадамоти муҳоҷирати ҶТ дар Русия Иброҳим Аҳмадов хабар дод, муноқиша миёни ронандагони ширкати «Желтое такси» ва таксиронҳои хусусӣ, ки аксарашонро шаҳрвандони Тоҷикистон ташкил медиҳанд, рух дода, ба занозании дастаҷамъона табдил ёфтааст ва чанде аз таксиронҳо ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, 40 нафар ба шуъбаи пулис мунтақил шудаанд.

Ба гуфтаи яке аз таксиронҳо бо исми Алишер, рақобат миёни ронандагони ширкати «Желтое такси» ва таксиронҳои хусусӣ қаблан ҳам ҷой дошта, вале то муноқишаву занозании дастаҷамъона нарасидааст ва шояд доираҳое мавҷуданд, ки ба иғовагариҳо атрофи бозори «Садовод» манфиатдоранд, ҳарчанд муноқиша берун аз қаламрави бозор ба вуқӯъ пайвастааст.

Қобили зикр аст, ки чанд рӯз қабл ҳамроҳ бо кормандони намояндагии Хадамоти муҳоҷират вакили палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Сабоҳат Муқимова аз маркази савдои «Садовод» боздид намуда, бо муҳоҷирони кории тоҷик мулоқот ороста буд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.