Як гурӯҳи муҳоҷирони кории тоҷик, ки дар бозори «Садовод»-и шаҳри Маскав машғули коранд, дар муноқишаву занозании рухдода миёни таксиронҳо роҳбари ҳаракати ҷамъиятии умумирусиягии «Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик» Каромат Шариповро гунаҳкор медонанд.
Ислом Мирзоев ва Фахриддин Тошев худро ба сифати роҳбарони муҳоҷирон дар ин бозор муаррифӣ намуда. ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки муноқишаи таксиронҳо қаблан тарҳрезӣ шуда буд, зеро онҳо то ба ҳол намефаҳманд, ки чаро баъди танҳо як занг Каромат Шарипов дарҳол ба ҷойи ҳодиса ҳозир шудааст.
«Рӯзи 6-уми август баъди муноқишаи маъмулӣ миёни таксирони ғайриқонунӣ, шаҳрванди Тоҷикистон ва таксирони бозори «Садовод» муддати 20 дақиқа издиҳоми шаҳрвандони тоҷики мусаллаҳ бо сангу корд ва силоҳи оатшфишон гирд омада, ба ҳимояти ҳамтои худ пардохтанд. Пас аз суҳбат бо маъмурияти бозор, издиҳом пароканда шуданӣ буд, вале ин ҳангом касе аз издиҳом, ки яқинан рафтани одамонро намехост, ба партофтани сангу пораҳои металл оғоз кард, ки ин ба бетартибиҳои оммавӣ боис гардид ва дар натиҷа дастандаркорони занозанӣ боздошт ва ба шуъбаи пулиси маҳаллӣ интиқол дода шуданд», – гуфтанд онҳо.
Ба қавли Ислому Фахриддин, замони гирдиҳам омадани изиҳом касе таври зайл фарёд задааст: «Кори мо ҷамъ овардани одамон аст, вазъ аз тахти назорат берун мешавад. Каромат куҷост?».
Муҳоҷирон ҳикоят мекунанд, ки баъди ин дарҳол ба фарёдзанӣ даромадаанд, ки ҳозир ба ин ҷо Каромат Шарипов меояд ва бо телефон ба ӯ занг задаанд.
Дар мактуби онҳо гуфта мешавад, «боиси тааҷҷуб аст, ки автомашинаи Каромат дарҳол омада, ба ҷойи ба эътидол овардани муноқиша, ӯ ба доду фарёд даромадааст, ки ғуломони моро мебояд аз ин бозор озод кард, гӯё касе онҳоро ба кор дар ин ҷо маҷбур карда бошад».
Ислом Мирзоев ва Фахриддин Тошев мегӯянд, мактуби мазкур аз ҷониби як гурӯҳҳи муҳоҷирони корӣ аз бозори «Садовод» ба имзо расидааст.
Ёдрас мекунем, ки рӯзи 6-уми сентябр дар назди бозори «Садовод»-и шаҳри Маскав миёни ронандагони ширкати «Желтое такси» ва таксиронҳои хусусӣ, ки аксарашонро шаҳрвандони Тоҷикистон ташкил медиҳанд,
муноқиша рух дода
, ба занозании дастаҷамъона табдил ёфт ва чанде аз таксиронҳо ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, 40 нафар ба шуъбаи пулис мунтақил шуданд.



