Оғози сохтмони коргоҳи хурди дӯзандагӣ дар Исфара

Дар деҳаи Наймани ҷамоати деҳоти Сурхи шаҳри Исфара сохтмони коргоҳи хурди дӯзандагӣ оғоз ёфт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, ин коргоҳ аз ҷониби соҳибкорзани маҳаллӣ Раънохон Маҳмудова бунёд гардида, дар он 70 нафар бо ҷои кор таъмин мешаванд. Гуфта мешавад, мувофиқи лоиҳа бинои коргоҳи дӯзандагӣ аз 3 ошёна иборат буда, иҷрои корҳои […]



Дар деҳаи Наймани ҷамоати деҳоти Сурхи шаҳри Исфара сохтмони коргоҳи хурди дӯзандагӣ оғоз ёфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, ин коргоҳ аз ҷониби соҳибкорзани маҳаллӣ Раънохон Маҳмудова бунёд гардида, дар он 70 нафар бо ҷои кор таъмин мешаванд.

Гуфта мешавад, мувофиқи лоиҳа бинои коргоҳи дӯзандагӣ аз 3 ошёна иборат буда, иҷрои корҳои пудратиро Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Исфара – Экспресс» бар ӯҳда гирифтааст.

Интизор меравад, коргоҳи дӯзандагӣ дар арафаи таҷлили ҷашни Наврӯзи соли оянда мавриди истифода қарор дода шавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.