Муҳоҷирони бозори «Садовод» Каромат Шариповро дар муноқиша гунаҳкор медонанд

Як гурӯҳи муҳоҷирони кории тоҷик, ки дар бозори «Садовод»-и шаҳри Маскав машғули коранд, дар муноқишаву занозании рухдода миёни таксиронҳо роҳбари ҳаракати ҷамъиятии умумирусиягии «Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик» Каромат Шариповро гунаҳкор медонанд. Ислом Мирзоев ва Фахриддин Тошев худро ба сифати роҳбарони муҳоҷирон дар ин бозор муаррифӣ намуда. ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки муноқишаи таксиронҳо […]

Ҳумайро Бахтиёр



Як гурӯҳи муҳоҷирони кории тоҷик, ки дар бозори «Садовод»-и шаҳри Маскав машғули коранд, дар муноқишаву занозании рухдода миёни таксиронҳо роҳбари ҳаракати ҷамъиятии умумирусиягии «Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик» Каромат Шариповро гунаҳкор медонанд.

Ислом Мирзоев ва Фахриддин Тошев худро ба сифати роҳбарони муҳоҷирон дар ин бозор муаррифӣ намуда. ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки муноқишаи таксиронҳо қаблан тарҳрезӣ шуда буд, зеро онҳо то ба ҳол намефаҳманд, ки чаро баъди танҳо як занг Каромат Шарипов дарҳол ба ҷойи ҳодиса ҳозир шудааст.

«Рӯзи 6-уми август баъди муноқишаи маъмулӣ миёни таксирони ғайриқонунӣ, шаҳрванди Тоҷикистон ва таксирони бозори «Садовод» муддати 20 дақиқа издиҳоми шаҳрвандони тоҷики мусаллаҳ бо сангу корд ва силоҳи оатшфишон гирд омада, ба ҳимояти ҳамтои худ пардохтанд. Пас аз суҳбат бо маъмурияти бозор, издиҳом пароканда шуданӣ буд, вале ин ҳангом касе аз издиҳом, ки яқинан рафтани одамонро намехост, ба партофтани сангу пораҳои металл оғоз кард, ки ин ба бетартибиҳои оммавӣ боис гардид ва дар натиҷа дастандаркорони занозанӣ боздошт ва ба шуъбаи пулиси маҳаллӣ интиқол дода шуданд», – гуфтанд онҳо.

Ба қавли Ислому Фахриддин, замони гирдиҳам омадани изиҳом касе таври зайл фарёд задааст: «Кори мо ҷамъ овардани одамон аст, вазъ аз тахти назорат берун мешавад. Каромат куҷост?».

Муҳоҷирон ҳикоят мекунанд, ки баъди ин дарҳол ба фарёдзанӣ даромадаанд, ки ҳозир ба ин ҷо Каромат Шарипов меояд ва бо телефон ба ӯ занг задаанд.

Дар мактуби онҳо гуфта мешавад, «боиси тааҷҷуб аст, ки автомашинаи Каромат дарҳол омада, ба ҷойи ба эътидол овардани муноқиша, ӯ ба доду фарёд даромадааст, ки ғуломони моро мебояд аз ин бозор озод кард, гӯё касе онҳоро ба кор дар ин ҷо маҷбур карда бошад».

Ислом Мирзоев ва Фахриддин Тошев мегӯянд, мактуби мазкур аз ҷониби як гурӯҳҳи муҳоҷирони корӣ аз бозори «Садовод» ба имзо расидааст.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 6-уми сентябр дар назди бозори «Садовод»-и шаҳри Маскав миёни ронандагони ширкати «Желтое такси» ва таксиронҳои хусусӣ, ки аксарашонро шаҳрвандони Тоҷикистон ташкил медиҳанд,

муноқиша рух дода

, ба занозании дастаҷамъона табдил ёфт ва чанде аз таксиронҳо ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, 40 нафар ба шуъбаи пулис мунтақил шуданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ Соли 1931 – Корхонаи шароббарории Душанбе, ки нахустин завод дар қисмати марказии Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт, ба истифода дода шуд. Соли 1957 – Аввалин...

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.