Занозании таксиронҳои тоҷик дар назди бозори «Садовод»-и Маскав

Date:



Сафорати Тоҷикистон дар Русия ҷараёни тафтиши ҳодисаи муноқишаву занозанӣ миёни таксиронҳо дар назди бозори «Садовод»-и шаҳри Маскавро, ки рӯзи 6-уми сентябр ба вуқӯъ пайваст, таҳти назорат гирифта, бо супориши сафир Имомудиин Сатторов кормандони сохторҳои дахлдор ҷиҳати таҳқиқи ҳолатҳои қазия ба ҷойи ҳодиса сафарбар шудаанд.

Тавре ба «Азия-Плюс» котиби матбуоти намоядагии Хадамоти муҳоҷирати ҶТ дар Русия Иброҳим Аҳмадов хабар дод, муноқиша миёни ронандагони ширкати «Желтое такси» ва таксиронҳои хусусӣ, ки аксарашонро шаҳрвандони Тоҷикистон ташкил медиҳанд, рух дода, ба занозании дастаҷамъона табдил ёфтааст ва чанде аз таксиронҳо ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, 40 нафар ба шуъбаи пулис мунтақил шудаанд.

Ба гуфтаи яке аз таксиронҳо бо исми Алишер, рақобат миёни ронандагони ширкати «Желтое такси» ва таксиронҳои хусусӣ қаблан ҳам ҷой дошта, вале то муноқишаву занозании дастаҷамъона нарасидааст ва шояд доираҳое мавҷуданд, ки ба иғовагариҳо атрофи бозори «Садовод» манфиатдоранд, ҳарчанд муноқиша берун аз қаламрави бозор ба вуқӯъ пайвастааст.

Қобили зикр аст, ки чанд рӯз қабл ҳамроҳ бо кормандони намояндагии Хадамоти муҳоҷират вакили палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Сабоҳат Муқимова аз маркази савдои «Садовод» боздид намуда, бо муҳоҷирони кории тоҷик мулоқот ороста буд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ,...

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар давлатҳои ҷангзада. Теъдоди оилаҳои тоҷик чӣ қадар аст?

Дар давлатҳои ҷангзада беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ...

250-300 зану кӯдаки тоҷик дар Сурияву Ироқ мондаанд. Тақдири онҳо норавшан аст

Ҳоло дар аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тахминан...

Роҳбари МТС як омили асосии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро гуфт

Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон мегӯяд,...