Нимаи имрӯз раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин вориди Душанбе шуд. Си Ҷинпин бо сафари чоррӯзаи давлатӣ ба Тоҷикистон ташриф овард.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, дар доираи сафар сарвари давлати Чин рӯзи 12-уми сентябр дар кори нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай ширкат меварзад.
Субҳи рӯзи 13-уми сентябр дидору гуфтушуниди «як ба як»-и Си Ҷинпин бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир мегардад. Пас аз ин гуфутушнид мулоқоти ҳайатҳои васеи ҳарду кишвар баргузор шуда, имзо як қатор асноди ҳамкории дуҷониба дар назар аст.
Рӯзи шанбе раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин бо раиси палати поёнии парлумони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ва Сарвазири ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода дидору гуфтушунид мекунад.
Санаи 13-уми сентябр Си Ҷинпин ҳамроҳ бо Эмомалӣ Раҳмон дар маросими анҷоми сохтмони навбати аввали Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 ширкат варзида, ба сохтмони навбати дуюми ин марказ ҳусни оғоз мебахшанд.
Ҳамчунин иштироки сарвари давлати Чин дар маросими оғози сохтмони лӯлаи интиқоли гази «Осиёи Марказӣ – Чин» ба нақша гирифта шудааст.
Субҳи рӯзи 14-уми сентябр Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Пекин бармегардад.



