Ташрифи раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Душанбе

Нимаи имрӯз раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин вориди Душанбе шуд. Си Ҷинпин бо сафари чоррӯзаи давлатӣ ба Тоҷикистон ташриф овард. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, дар доираи сафар сарвари давлати Чин рӯзи 12-уми сентябр дар кори нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай ширкат меварзад. Субҳи рӯзи 13-уми сентябр дидору гуфтушуниди «як […]



Нимаи имрӯз раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин вориди Душанбе шуд. Си Ҷинпин бо сафари чоррӯзаи давлатӣ ба Тоҷикистон ташриф овард.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, дар доираи сафар сарвари давлати Чин рӯзи 12-уми сентябр дар кори нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай ширкат меварзад.

Субҳи рӯзи 13-уми сентябр дидору гуфтушуниди «як ба як»-и Си Ҷинпин бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир мегардад. Пас аз ин гуфутушнид мулоқоти ҳайатҳои васеи ҳарду кишвар баргузор шуда, имзо як қатор асноди ҳамкории дуҷониба дар назар аст.

Рӯзи шанбе раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин бо раиси палати поёнии парлумони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ва Сарвазири ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода дидору гуфтушунид мекунад.

Санаи 13-уми сентябр Си Ҷинпин ҳамроҳ бо Эмомалӣ Раҳмон дар маросими анҷоми сохтмони навбати аввали Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 ширкат варзида, ба сохтмони навбати дуюми ин марказ ҳусни оғоз мебахшанд.

Ҳамчунин иштироки сарвари давлати Чин дар маросими оғози сохтмони лӯлаи интиқоли гази «Осиёи Марказӣ – Чин» ба нақша гирифта шудааст.

Субҳи рӯзи 14-уми сентябр Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Пекин бармегардад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.