Агентии зиддифасод сабти аудиоии собиткунандаи гуноҳи Қудратовро ба Зойиров дод

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон сабти аудиоиеро, ки бояд дар он гунаҳкории Шӯҳрат Қудратов собит шавад, ба адвокати ӯ Раҳматилло Зойиров дод. Ёдрас мекунем, ки зимни нишасти хабарии рӯзи 30-юми июли соли ҷорӣ директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ Абдуфаттоҳ Ғоиб изҳор намуд, ки ба гунаҳкор будани […]



Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон сабти аудиоиеро, ки бояд дар он гунаҳкории Шӯҳрат Қудратов собит шавад, ба адвокати ӯ Раҳматилло Зойиров дод.

Ёдрас мекунем, ки зимни нишасти хабарии рӯзи 30-юми июли соли ҷорӣ директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ Абдуфаттоҳ Ғоиб изҳор намуд, ки ба гунаҳкор будани адвокат Шуҳрат Қудратов 

шубҳа надорад.

Он замон раҳбари Агентӣ зикр карда буд, ки оид ба гуфтушунидҳои Қудратов дар робита ба додани пора сабтҳои аудиоӣ мавҷуданд, ки баъди як моҳ ҷиҳати шиносоии намояндагони ВАО бо он имкон пайдо мешавад.

Аммо Раҳматилло Зойиров, адвокати Шуҳрат Қудратов ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки дар ин сабт ҳеҷ чизе мавҷуд нест, ки далели аз ҷониби Шуҳрат Кудратов ба судя пора доданро собит намояд.

Қобили зикр аст, ки аввали моҳи август дар суди шаҳри Душанбе 

ҷаласаи нахустини судӣ 

оид ба баррасии парвандаи адвокат Шуҳрат Қудратов, ки Агентии зиздифасод ӯро дар додани пора муттаҳам медонад, оғоз гардид.

Ёдрас мекунем, ки Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ дар робита ба сабабҳои боздошти адвокат Шуҳрат Қудратов рӯзи 23-юми июл 

маълумоти расмӣ 

интишор намуд.

Сипас Шӯрои сиёсии Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон қарор кард, ки раиси ҳизб, ҳуқуқшинос Раҳматилло Зойиров муовини худ Шуҳрат Қудратовро 

шахсан ҳимоят мекунад

. Раҳматилло Зойиров дар робита ба боздошти ӯ 

изҳор намуд,

 ки Шуҳрат Қудратов эътироф намудааст, ки аз зерҳимояи худ маблағи пулӣ гирифтааст, вале на барои порадиҳӣ ба судя.

Баъдан ташкилотҳои ҷамъиятии Тоҷикистон, намояндагони иттиҳодияҳои адвокатӣ, ҳамчунин аъзои Эътилофи созмонҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон дар робита ба боздошти адвокат Шуҳрат Қудратов 

изҳорот пахш намуда,

 аз ҳукуматдорони Тоҷикистон даъват карданд, ки парвандахои Ш.Қудратов ва Ф.Зокиров мунсифонаву беғараз баррасӣ карда шаванд.

Рӯзи 25 июл адвокат Шуҳрат Қудратов аз боздоштгоҳи тафтишотии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ба тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО) гузаронида шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.