ҲХДТ хатнасури 700 нафар кӯдакон ва тӯйи арӯсии 20 нафар навхонадоронро барпо кард



Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҲХДТ дар Роҳи оҳани Тоҷикистон  субҳи санаи 9 сентябр аъзои ҳизби корхонаи номбурда баробари  таҷлили ҷашни солгарди  Истиқлолияти давлатӣ дар доираи омодагиҳо ба таҷлили 20-умин солгардии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон тӯи арӯсии 20 нафар ҷавони некбахт ва  хатнасури дастаҷамъонаи 700 нафар тифлонро бо густурдани дастурхони идона ва ҳунарнамоии беҳтарин санъаткорони кишвар доир намуданд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲХДТ, дар ин чорабинии фараҳбахш муовини раиси ҲХДТ Асрор Латипов, раиси Фраксияи ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагон Акрамшо Фелалиев, муовини вазири нақлиёт Зулфия Одинаева, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Ҷамшед Саидов,  раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Абдуллохон Қаландаров,  кормандони КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон», сокинони ноҳияи Шоҳмансур, меҳмонон аз ташкилоту муассисаҳои пойтахт  ширкат варзиданд.

«Онҳо ба навхонадорон ангуштарӣ, яхдонҳои муосир ва гилеми хушдӯхт инъом карда, ба ҳар кадоме аз тифлон дар баробари сарулибоси идона  200 сомонӣ маблағ пардохт карданд», – омадааст дар иттилрои сомонаи ҲХДТ.

Гуфта мешавад, идомаи чорабинӣ бо ҳунарнамоии ҳунармандони шинохтаи мамлакат аз қабили ансамблҳои «Падида», «Гулшан», «Лаъл»,Филармонияи давлатии Тоҷикистон, Театри давлатии лӯхтак, овозхонони шинохта Шуҳрат Сайнаков, Раҳматулло Ҳошимов, Нигора ва Суруш Холовҳо, Бахтиёр Иброҳимов  ва дигарон идома ёфта, ба дили ҳаводорони шеъру тарона сурури нав овард.

Зимнан зикр мегардад, ки дар ин рӯз ба ғайр аз хони идонаи базмгоҳ дар дигар нуқтаҳои боғи фарҳангу фароғатии Роҳи оҳани Тоҷикистон барои истироҳаткунандагон хӯрокҳои гуногун ройгон пешниҳод карда шуд.

spot_imgspot_img

Популярное