Дар фурудгоҳи шаҳри Ӯши Қирғизистон кормандони милисаи кишвари ҳамсоя шаҳрванди Тоҷикистонро, ки барои иштирок дар амалиёти ҷангӣ дар Фаластин азми сафар дошт, боздошт намуданд.
Бино ба
маълумоти
хадамоти матбуоти Раёсати корҳои дохилии вилояти Ӯш, рӯзи 11-уми сентябр қабл аз парвоз ба Туркия, тақрибан соати 02-00-и шаб тибқи маълумоти фаврии қаблан расида кормандони милиса сокини 45-солаи ноҳияи Спитамен Комил Раҳматовро боздошт намудаанд.
Ба иттилои мнабаъ, дар нахустин бозпурсӣ Раҳматов иқрор шудааст, ки нияти кумак «ба бародарони мусалмони худ»-ро дорад. «Изҳор намуд, ки дигар ба дидани азияти фаластиниҳо аз дасти яҳудиҳо сабр карда наметавонад ва то охир бо ин роҳ рафтанӣ аст. Гуфт, барои дастрас кардани билет то Туркия гови худро фурӯхта, тариқи Туркия ба Фаластин роҳ ёфтанӣ будааст. Аз қавли боздоштшуда, яроқро ӯ дар Фаластин дастрас мекардааст. К.Раҳматов падари 4 фарзанд буда, танҳо маълумоти миёна дорад. Қаблан барои авбошӣ муҷозот шуда, ба гуфтаи ӯ, дар ҳолати сархушӣ ба ҳамдеҳаи худ зарари моддӣ расонидааст», – зикр мегардад дар хабари Раёсати корҳои дохилӣ.
Гуфта мешавад, Раёсати корҳои дохилии вилояти Ӯш дар ҳамдастӣ бо дигар ниҳодҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти махсус аз рӯи ин далел корҳои фавриву тафтишотӣ анҷом медиҳанд.



