– Пас аз нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ дар Душанбе, дар муносибатҳои муташанниҷи мавҷуда тайи солҳои ахир миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон метавонад як нармие рӯйи кор ояд, – изҳор намуд дар мусоҳиба ба «Азия-Плюс» сиёсатшиноси тоҷик ва журналист Нуралӣ Давлатов.
«Фикр мекунем, ки дар муносибатҳо миёни ду кишвари ҳамсоя метавон аз як нармие интизорӣ дошт. Бо ин иқдом яқинан Тошканд ба ду бозигари муҳими минтақа – Русия ва Чин ишора карданист, ки наздикшавии Ӯзбекистон бо Ғарб мухолифи манфиатҳои онҳо нест», – қайд кард коршинос.
Ба андешаи ӯ, вохӯрии дирӯзаи сарони кишварҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон қадами нахустин ба самти эҳтимолан беҳбудии муносибатҳо аст.
«Ба назар мерасад, ки миёни Тошканду Душанбе аз рӯи баъзе масъалаҳои усулӣ мухолифатҳо боқӣ мондаанд. Шояд дар оянда ҳамсояҳо аз рӯи ин масъалаҳо ҳам ба тавофуқи ягона расанд, вале ин ба иродаи сиёсии сарони ҳарду кишвар вобаста аст», – афзуд сиёсатшинос.



