Путин: Мавқеи кишварҳои узви СҲШ нисбати мушкилоти Украина яксон аст



Зимни суханронӣ дар нишасти СҲШ дар Душанбе президенти Русия Владимир путин дар робита ба рӯйдодҳои Украина изҳор намуд, ки мавқеи кишварҳои узви созмон нисбати мушкилоти Украина яксон ё худ ба ҳамдигар наздик аст.

Ӯ зикр кард, ки Русия чун дигар кишварҳои узви СҲШ аз афзоиши таҳдиду чолишҳои ҷаҳони имӯза нигарон буда, анҷоми раванди интихобот дар Афғонистон ва хурӯҷи нерӯҳои зиддитеррористии эътилофи байнулмилалӣ аз ин кишварро бо таваҷҷуҳи хосса пайгирӣ дорад.

Путин таъкид дошт, ки буҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ, аз соли 2009 авҷ гирифт, ҳанӯз ба итмом нарасидааст ва дар робита ба ин, сарвари давлати Русия даъват кард, ки ба ҳамкориҳои иқтисодӣ миёни кишварҳои узви СҲШ тақвияти бештар бахшида шавад.

Президенти Русия дар доираи СҲШ таъсиси Донишгоҳи СҲШ, муттаҳид намудани имконоти нақлиётии кишварҳои узви созмон ва таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ дар доираи созмонро пешниҳод намуд.

Владимир Путин ҳамчунин зикр кард, ки дар нишастаи минбаъдаи созмон, ки рӯзҳои 9-10-уми ибли соли 2015 дар шаҳри Уфа доир мегардад, кишварҳои нав ба узвияти СҲШ пазируфта хоҳанд шуд.

spot_imgspot_img

Популярное