Путин: Мавқеи кишварҳои узви СҲШ нисбати мушкилоти Украина яксон аст

Зимни суханронӣ дар нишасти СҲШ дар Душанбе президенти Русия Владимир путин дар робита ба рӯйдодҳои Украина изҳор намуд, ки мавқеи кишварҳои узви созмон нисбати мушкилоти Украина яксон ё худ ба ҳамдигар наздик аст. Ӯ зикр кард, ки Русия чун дигар кишварҳои узви СҲШ аз афзоиши таҳдиду чолишҳои ҷаҳони имӯза нигарон буда, анҷоми раванди интихобот дар […]

Аваз Юлдошев



Зимни суханронӣ дар нишасти СҲШ дар Душанбе президенти Русия Владимир путин дар робита ба рӯйдодҳои Украина изҳор намуд, ки мавқеи кишварҳои узви созмон нисбати мушкилоти Украина яксон ё худ ба ҳамдигар наздик аст.

Ӯ зикр кард, ки Русия чун дигар кишварҳои узви СҲШ аз афзоиши таҳдиду чолишҳои ҷаҳони имӯза нигарон буда, анҷоми раванди интихобот дар Афғонистон ва хурӯҷи нерӯҳои зиддитеррористии эътилофи байнулмилалӣ аз ин кишварро бо таваҷҷуҳи хосса пайгирӣ дорад.

Путин таъкид дошт, ки буҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ, аз соли 2009 авҷ гирифт, ҳанӯз ба итмом нарасидааст ва дар робита ба ин, сарвари давлати Русия даъват кард, ки ба ҳамкориҳои иқтисодӣ миёни кишварҳои узви СҲШ тақвияти бештар бахшида шавад.

Президенти Русия дар доираи СҲШ таъсиси Донишгоҳи СҲШ, муттаҳид намудани имконоти нақлиётии кишварҳои узви созмон ва таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ дар доираи созмонро пешниҳод намуд.

Владимир Путин ҳамчунин зикр кард, ки дар нишастаи минбаъдаи созмон, ки рӯзҳои 9-10-уми ибли соли 2015 дар шаҳри Уфа доир мегардад, кишварҳои нав ба узвияти СҲШ пазируфта хоҳанд шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.