Пешниҳоди Атамбоев ба сарони кишварҳои ОМ оид ба таҳкими эътимод дар марзҳо

Зимни суханронӣ дар нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ дар Душанбе президенти Қирғизистон Алмазбек Атамбоев  ба сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ пешниҳод намуд, ки оид ба таҳкими эътимод дар марзҳо созишномаҳои дуҷониба ба имзо расонида шаванд. Атамбоев қайд кард, ки СҲШ бар асоси Панҷгонаи Шанхай таъсис дода шуда, дар шакли панҷҷониба дар бораи таҳкими эътимод дар бахши […]

Пайрав Чоршанбиев


Зимни суханронӣ дар нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ дар Душанбе президенти Қирғизистон Алмазбек Атамбоев  ба сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ пешниҳод намуд, ки оид ба таҳкими эътимод дар марзҳо созишномаҳои дуҷониба ба имзо расонида шаванд.

Атамбоев қайд кард, ки СҲШ бар асоси Панҷгонаи Шанхай таъсис дода шуда, дар шакли панҷҷониба дар бораи таҳкими эътимод дар бахши низомӣ ва коҳиши мутақобилаи нерӯҳои низомӣ дар манотиқи марзӣ созишнома ба имзо расида буд, ки имрӯз ҳам амал мекунад. «Ин тавофуқот дар таъмини амният ва субот дар тамоми минтақа саҳми назаррас гузоштанд», – иброз дошт сарвари давлати ҳамсоя.

Ӯ бар ин назар аст, ки бо назардошти воқеъияти кунунӣ, ба тамоми кишварҳои узви СҲШ иҷрои бечунун чарои тавофуқоти ҳосилшуда ва кӯшиши ҳамаҷониба оид ба таҳкими тадбирҳои эътимод дар минтақа зарур аст.

«Фикр мекунам, ки маҳз таҳкими эътимод дар манотиқи марзии кишварҳои узви СҲШ бояд яке аз афзалиятҳои мо гардад. Дар ин самт бо мақсади таъмини татбиқи амалии талошҳои дахлдор пешниҳод дорам, ки барои таҳия ва минбаъд ба имзо расидани лоиҳаҳои созишномаи дуҷониба миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ оид ба таҳкими эътимод дар манотиқи марзӣ тадбирҳо андешида шаванд», – афзуд А.Атамбоев.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.