Имзои як қатор аснод аз рӯи натиҷаҳои нишасти СҲШ дар Душанбе

Аз рӯи натиҷаҳои нишасти Созмони ҳамкории Шанхай дар Душанбе як қатор аснод ба имзо расид. Аз ҷумла, Эъломияи Душанбегии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, қабул шуда, қарорҳои сарони кишварҳои узви СҲШ дар бораи меморандуми намунавии уҳдадориҳои давлати довталаб ба узвияти созмон, тасдиқи тартиби додани мақоми кишвари узви СҲШ, лоиҳаи Стратегияи рушди созмон то соли […]

ASIA-Plus



Аз рӯи натиҷаҳои нишасти Созмони ҳамкории Шанхай дар Душанбе як қатор аснод ба имзо расид.

Аз ҷумла, Эъломияи Душанбегии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, қабул шуда, қарорҳои сарони кишварҳои узви СҲШ дар бораи меморандуми намунавии уҳдадориҳои давлати довталаб ба узвияти созмон, тасдиқи тартиби додани мақоми кишвари узви СҲШ, лоиҳаи Стратегияи рушди созмон то соли 2025, таҷлили ҷашни 70-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бзурги Ватанӣ, тасдиқи муқаррароти рамзҳои СҲШ, тасдиқи маърӯзаҳои Дабири кулли СҲШ, Шӯрои сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ ва фаъолияти ин сохтор дар соли 2013 ба тасвиб расиданд.

Ғайр аз ин, миёни ҳукуматҳои кишварҳои узви созмон дар бораи фароҳам овардани шароитҳои мусоид барои ҳамлу нақли байнулмилалии автомобилӣ низ созишнома ба имзо расид.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бар ин назар аст, ки нишасти СҲШ дар фазои созанда доир гардид. Зимни суханронӣ дар брифинг назди журналистон Эмомалӣ Раҳмон зикр кард, ки дар кори нишаст сарони кишварҳои узви СҲШ, роҳбарони ҳайатҳо, меҳмонони фахрӣ, намояндагони як қатор созмонҳои минтақавӣ ва байнулмилалӣ ширкат варзиданд.

Эмомалӣ Раҳмон бо изҳори миннатдорӣ ба ҳамаи ҳозирин барои иштирокашон дар кори нишаст қайд кард: «Миёни мо баъзе масъалаҳои муҳиму ошкор оид ба вазъ ва дурнамои ҳамкориҳо дар доираи созмон, мушкилоти рӯзмарраи дорои хусусияти минақавӣ ҳалношуда боқӣ мемонанд, вале қарори қабулшуда аз ҷониби мо оид  тартиби додани мақоми давлати узви СҲШ дар таҳрири нав дар таърихи созмон саҳифаи нав боз кард».

Сарвари давлати Тоҷикистон мутмаин аст, ки боз як ҳадафи муҳими СҲШ таҳкими нуфузи созмон дар арсаи байнулмилалӣ аст, ки сол то сол мартабааш боло меравад. «Ҳамаи ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки имконоти СҲШ хеле бузург аст ва вазифаи умумии мо истифодаи судманди он барои ҳамаи ҷонибҳо аст», – таъкид дошт Эмомалӣ Раҳмон.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Шикоят аз шиканҷа, фавт дар зиндон ва савдои одамон. Намояндагони мақомоти Тоҷикистон дар нишасти Женева чӣ гуфтанд?

Давоми солҳои 2018-2025 дар Тоҷикистон 105 муроҷиат аз шиканҷа сабт шуда, 14 парвандаи ҷиноӣ боз ва нисбати 13 нафар то 21 сол ҷазои зиндон...

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.